Mars (тоҷ. «Марс») — тамғаи маснуоти қаннодӣ аз шоколад буда, карамел,ҳалвоичормағзин дорад ва боширу шоколад пӯшонида шудааст. Шоколади Марсро ширкати амрикоӣMars Incorporated истеҳсол мекунад. Аввалин бор дар соли 1932 дар шаҳри Слау,Бритониё аз ҷонибисоҳибкори амрикоӣ Форрест Марс омода шудааст. То ҳол, тарзи омодасозии ин шоколад тағйир наёфтааст, аммо дар андоза ва маҳсулотҳои асосии таркиби ин шоколад сол то сол тағйиротҳо ворид мешавад.Дар соли 2002 шоколади Mars, ки дар Бритониё истеҳсол шуда буд, тағйирот ворид карда шуда банду баст гардид. Маҳсулотҳои даруни Марс камтар ва қабати шоколадӣ ғафстар карда шуд. Дар борҷомааш низ тағйиротҳо ворид гардида, навиштаҷоти«Mars» бориктар ва ҳарфҳо каҷ гардонида шуд.

Шоколади Марс