ISO 3166 — стандарти байналхалқииISO, рамзҳои ишоравиидавлатҳо ва территорияҳои ба онҳо вобаста ва инчунин тақсимотҳои асосии маъмурии дохили мамлакатҳоро дар бар мегирад. Аз чунин қисмҳо иборат аст:
- ISO 3166-1 — рамзҳои давлатҳо ва территорияҳои ба онҳо вобаста
- ISO 3166-1 alpha-2 — рамзҳои дуҳарфа
- ISO 3166-1 alpha-3 — рамзҳои сеҳарфа
- ISO 3166-1 numeric — рамзҳои рақамӣ
- ISO 3166-2 — рамзҳои тақсимотҳои маъмурии дохили мамлакатҳо (вилоятҳо, иёлотҳо, музофотҳо ва ғайраҳо)
Рамзҳои дуҳарфаи ISO 3166-1 alpha-2 - роICANN барои ном доданиномҳои миллии доменҳои дараҷаи болоӣ истифода мебарад.
Базаи маълумотҳои доменҳои дуҳарфаи дараҷаи болоӣ бо рамзҳои мамлакатҳо дар асоси номгӯи мамлакатҳо, ки ISO 3166 Maintenance Agency тайёр кардааст, ташкил дода мешавад. IANA ccTLD-и навро фақат баъди пайдо шудани рамз дар номгӯи ISO 3166-1 ба вуҷуд меорад.
Ин номгӯ бо мақсадҳои дигар низ васеъ истифода бурда мешавад, барои он ки ҳангоми проседураи ҷудо кардани мамлакатҳо барои номгӯ принсипҳои бетарафии сиёсӣ истифода бурда мешавад.