Аз рӯи таъйинот Автомобил нақлиётӣ, махсус ва пойгавӣ мешавад. Автомобили нақлиётӣ барои кашондани бор ва одамон хидмат мекунад ва ба он Автомобилҳои сабукрав, боркаш ва автобусҳо мансубанд. Автомобилҳои сабукрав болопӯшида ва болокушод мешаванд. Онҳо аз 2 то 8 мусофир кашонда метавонанд. Дар кузови Автомобилҳои боркаш аз 0,25 то 350 т ва аз он ҳам зиёд борро кашондан мумкин. Автомобилҳои боркаш бе кузов ҳам мешаванд (нигар Ядакмошин). Автобус барои кашондани мусофирон хидмат мекунад. Автомобилҳои махсус бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои иҷрои корҳои муайян (масалан, мошинҳои оташнишон, мошинҳои коммуналӣ, автолавка, автокран ва ғайра) хидмат мекунанд. Автомобилҳои пойга барои иштирок дар пойгаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла гузоштани рекорди суръат пешбинӣ шудаанд. Аз ҷиҳати гузароӣ Автомобилҳои дар роҳи худравгард, дар бероҳаҳо ва дар роҳҳои душворгузар мегаштагӣ мавҷуданд. Автомобил асосан аз муҳаррик, трансмиссия (механизми таҳвили қувва), қисмати гашт, механизми идора, таҷҳизоти электрикӣ, кузов барои кашондани бор ё мусофирон ва кабина иборат аст. Муҳаррики Автомобилҳои сабукрав ва боркаши камиқтидор бо бензин, муҳаррики Автомобилҳои пуриқтидор ва автобусҳои бисёрҷоя бо сӯзишвории дизелӣ (карасин, лигроин ва ғайра) кор мекунанд (нигар Муҳаррики худрав). Автомобилҳои муҳаррикашон бо газ коркунанда низ мавҷуданд. Муҳаррики худравҳои электрикӣ бо энергияи батареяи аккумуляторҳо кор мекунанд. Трансмиссия моменти чархзаниро аз муҳаррик ба ҳаракатдиҳандаи худрав (чарх, тасмачарх ва ғайра) таҳвил мекунад.
↑Расторгуева В. С.,Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2007. — Т. 3 (f—h). — 496 с. — 1000 экз. —ISBN 5-02-018124-2,ISBN 5-02-018550-7. (в пер.) — с. 427, 430