Movatterモバイル変換


[0]ホーム

URL:


Ҷаҳиш ба мӯҳтаво
Википедиадонишномаи озод
Ҷустуҷӯ

Таҳмдор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Таҳмдор
СардӯшииНерӯи заминӣСардӯшииНерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивиштфорсӣ:تهم‌دار
Кишвар Тоҷикистон
Дараҷаи болотарТаҳморо
Дараҷаи пойинтарТаҳмовар
Ҳамто

Таҳмдор (форсӣ:تهم‌دار‎) —дараҷаеафсарӣ дарнерӯҳои заминӣ ваҳавоӣ,ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар азтаҳмовар ва пойинтар азтаҳморо дорад ва баробар боновбон дувум дарнерӯи дарёӣ аст;лейтенант[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Таҳмовар

Таҳмдор
Дараҷаи болотар:
Таҳморо

Таҳмдор дарнерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмониифармондеҳитаҳмро дорад, киягони тактикиест, ки аз ду ё чандрада ташкил шуда ва бахше азвашт аст; даста[2], взвод[3].

Вожашиносӣ

[вироиш |вироиши манбаъ]

«Таҳмдор» яке аз истилоҳотисипоҳи Ашкониён аст, ки унвони фармондеҳи таҳм буд. Пажӯҳишгарон ин унвонро рӯбардор аз истилоҳиюн.-қад.τάγματάρχος (τάγμαгурдон’ +άρχωфармондеҳ’, яънесаргурд) дар сипоҳи Руми Шарқӣ донистаанд:

паҳлавӣ:tagm(a)dār <юн.-қад.τάγμα >паҳлавӣ:tahmīhнерӯ’ +-dārдоранда’ <паҳлавӣ:tahmdārфармондеҳитаҳм[4].

«Таҳмдор» бо равиши вожасозии таркиб аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст:таҳм +дор. Мақулаи дастурии ин вожаисм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (таҳм) + пайвожа (-дор)] аст. Пасванди «-дор» (<порсии миёна:*dār <порсии бостон:*dār(a)- <эронии бостон:*dārai̯a- «доштан;доранда»[5]) ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[6]. Ин пасванд дар вожасозии низомӣ аз куҳантарин замонҳо ба кор меравад. Чунончи, дарзабони эронии бостон «*kāra-daranaka-» ‘дорандаи сипоҳ, сипаҳдор[5], дарпаҳлавӣ:«tagm(a)dār» ва дарфорсӣ:«сипаҳдор»‎ ва«лашкардор» бо ҳамин пасванд сохта шудаанд.

«Сипаҳдор ёсипоҳдор» низ аз истилоҳоти куҳани низомӣ ва мутародиф бо «сипаҳсолор» ва «фармонраво;подшоҳ» аст ва «сипаҳдорӣ» низ «амали сипаҳдор, сардории сипоҳ, фармондеҳӣ»-ро мегуфтанд[7]. Чунончи,Фирдавсӣ «сипаҳдор»-ро дар «Шоҳнома» ба маънои «фармондеҳи сипоҳ» бисёр ба кор бурдааст:

Таҳамтан ҳамон гаҳ забон баркушод,
Паёми сипаҳдориЭрон бидод[8].

СипаҳдориТурон чу з-он гуна дид,
Сабук сар аз он ҷанг берун кашид[8].

«Лашкардор» низ аз истилоҳоти куҳани низомӣ ва ба маънои «идоракунанда ва фармондеҳи лашкар» аст ва «амалу шуғли лашкардор; нигаҳдории лашкар; фармондеҳии лашкар»-ро «лашкардорӣ» мегуфтанд[9]. «Лашкардор» дар «Марзбоннома» ба маънои «фармондеҳи лашкар» ба кор рафтааст:

«Корҳои мамлакат ба мардони кору лашкару лашкардор рост ояд»[10].

Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳм» ба ҷои «взвод» ва «таҳмдор» ба ҷои «лейтенант» (азолмонӣ:Leutenant >фр. lieutenant «ҷонишин») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «таҳмовар» ва «таҳмбон» сохтаву барои ҷойгузиниидараҷаҳои низомии «лейтенанти хурд» ва «лейтенанти калон» баВазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[11].

Пешина

[вироиш |вироиши манбаъ]

Таҳмдор ҳамчунсимати низомӣ нахустин бор дарсипоҳиАшкониён (250 то милод —224) пайдо шудааст. «Тагма» (юн.-қад.«τάγμα») дар сипоҳиподшоҳии Руми Шарқӣ ягоне номида мешуд, ки 100 — 500 сарбозро дар бар мегирифт[12]. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаипаҳлавӣ:tahmīhнерӯманд,диловар,далер,чобук’ (аз эронии бостон:*taxma- > √*tak-тохтан,давидан’ <порсии миёна:tahm >форсӣ:تهم‎ [таҳм] ‘зӯрманд,паҳлавон[5]) инҳамон ва бо «нерӯ» мутародиф гаштааст[13].

Дар сипоҳиСосониён (224651), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд[14], низ яке аз ягонҳо «таҳм» (порсии миёна:tḥmy) ном доштааст[15]. Ҳартаҳме 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд «рада» (порсии миёна:radag) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст[16].

Пайвандҳо

[вироиш |вироиши манбаъ]

Эзоҳ

[вироиш |вироиши манбаъ]
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»(пайванди дастнорас)
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред.П.В. Грачёв. —М.:Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. —10 000 экз. —ISBN 5-203-00299-1.
  4. Лившиц В. А. Парфянская ономастика. – СПб.: - Петербургское лингвистическое общество, 2010. – 400 с., ил. – (Азиатика).ISBN 978-5-4318-0006-1.
  5. 5.05.15.2Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393.ISBN 978-600-6143-56-9. — ҷ. 2, с. 1244—1245
  6. Содиқӣ,Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45
  7. Анварӣ,Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 – . 8 ҷ. мусаввар.ISBN 964-6961-98-3 (давра). ҷ. 5, с. 4034
  8. 8.08.1Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2007. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 2. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.
  9. Анварӣ,Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 – . 8 ҷ. мусаввар.ISBN 964-6961-98-3 (давра).
  10. Деҳхудо,Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.(пайванди дастнорас)
  11. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  12. Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнонгурдон ба забони юнонӣ «τάγμα» васаргурд ёмайор «τάγματάρχης» номида мешаванд.
  13. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354 – 355
  14. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  15. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  16. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.
⚙️ 
Нерӯи заминӣ
Нерӯи ҳавоӣ
Сарбозон
Размоварон
Размсозон
Саркардагон
Сардорон
Солорон
Нерӯи дарёӣ
Новиён
Новёрон
Новдорон
Саркардагон
Сардорон
Солорон
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/w/index.php?title=Таҳмдор&oldid=1444587"
Гурӯҳҳо:
Гурӯҳҳои пинҳон:

[8]ページ先頭

©2009-2025 Movatter.jp