Соли 2021 (ду ҳазору бисту якум) даргоҳшумории мелодӣ —насоли кабиса, оғоз дар рӯзиҷумъа. Ин 2021 солидаврони ҳозир, 21 солиҳазораи 3, 21 солисадаи XXI, 1 соли даҳаи 3 садаи XXI, 2 солидаҳаи 2020-ум.
- 24 декабр Дар 30 соли ҳамкорӣАмрико дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, таъминоти оби тоза, маориф, амният, дастрасӣ ба нерӯи барқ баТоҷикистон 1,8 млрд доллари америкоӣ кӯмак намудааст. Дар ин бора сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад.[1].
- 21 декабрЭмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022-2026-ро панҷсолаи рушди саноат эълон намуда, дастур дод, ки беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода, даромади аҳолӣ ду баробар зиёд карда шавад.[2].
- 21 декабрЭмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ба Маҷлиси Олии кишвар асосан дар мавриди боло бурдани маош, ислоҳоти маориф, норизоятӣ аз сатҳи забондонии кадрҳо, иқтисоди сабз, рушди саноат, ҳуши сунъӣ ва хиёнат накардан ба миллату давлат суҳбат кард.[3].
- 16 декабрЮНЕСКО - Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ворид гардидани номинатсияи«Фалак» -и тоҷикиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд.[4].
- 13 декабр Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” сазовори медали тилло шуд.[5].
- 8 декабр Ба ҳолати 1 октябри соли 2021 ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 262,1 млн долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Таносуби қарзи хориҷӣ ба МДД 38,2%-ро ташкил медиҳад. Ҳудуди иҷозашуда - 40%. Дар сохтори қарзи беруна 96,4% ба “қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад”. Ин ҷо сари қарзҳое сухан меравад, ки барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалб шудаанд.[6].
- 30 ноябрЛионел Месси футболбози маъруфи собиқи бошгоҳи Барселона ва муҳоҷими кунунии аргентинии бошгоҳи Порис Сент-Жермен (ПСЖ) барои ҳафтумин бор баранди ҷоизаи Тӯби тиллоӣ шуд ва унвони беҳтарин футболбози солро ба даст овард. Ин ҷоизаро ҳамасола маҷаллаи "Франс Футбол"-и Фаронса барои беҳтарин бозигари сайёра эҳдо мекунад.[7].
- 29 ноябр ҲукуматиВМКБ аз поёни эътирозҳои 4-рӯза хабар дода, мегӯянд миёни намояндагони эътирозагрон ва тими гуфтушуниди ҳукумати вилоят тавофуқоте ба даст омадааст.
- 18 ноябр Қасри президент дигар дар 100-сомона нест, ҷойашро Кохи Наврӯз гирифт[8].
- 15 ноябр Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯйхати маҳсулоти озуқавориро чоп кард, ки ҷумҳурӣ эҳтиёҷоти дохилии худро бо онҳо пурра қонеъ гардонда метавонад. Ҳиссаи орду гандум дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон 6%-ро ташкил додааст. Тӯли 9 моҳи соли 2021 дар дохили кишвар 854 ҳазор тонна гандум истеҳсол шудааст, ки 0,9% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.[9].
- 29 октябр Дар Душанбе дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кушода шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон хабар доданд.Аҳмад Масъуд дар шимолиАфғонистон Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро таъсис дод, ки эътилофи шӯришии қавмии зидди «Толибон» аст[10].
- 23 октябр "Шӯрои олии муқовимати миллииҶумҳурии Исломии Афғонистон" бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ,Ато Муҳаммади Нур,Абдурашид Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде шахсиятҳои сиёсии дигар эъломи мавҷудият кард.[11].
- 15 октябр Президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон шаҳрванадони кишварро бо ҷашни бостонииМеҳргон табрику таҳният гуфт. Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаааст.[12].
- 12 октябр Дар Агентии омори назди Ҳукумати ҶТ муаррифии натиҷаи пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати1 октябри соли 2020 аҳолии Тоҷикистон 9 млн 661 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мардҳо 4 млн 901 ҳазор нафар ва занҳо 4 млн 760 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Беш аз 2 млн 528 ҳазор нафар ё 26,2%-и аҳолӣ шаҳрнишин ва 7 млн 133 ҳазор нафар ё 73,8%-ро аҳолии деҳот ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум2 млн 097 ҳазор нафар ё 27,7% зиёд шудааст.[13].</ref>.
- 5 октябр Шумори қурбониёни коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба зиёда аз 5 млн нафар расида, дар ҳамин ҳол, нисфи онҳо дар муддати камтар аз ҳашт моҳ фавтидаанд, хабар медиҳад Reuters.[14].
- 17 сентябр Дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и шаҳри Душанбе, 17 сентябр ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Созмон ба кор оғоз намуд.[15].
- 15 сентябр 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.[16].
- 13 сентябр Аз оғози пандемия дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 ҳазору 84 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус сабт шуда, то имрӯз 16 ҳазору 953 нафари онҳо аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Шумори умумии фавтидагон аз ин беморӣ 124 нафарро ташкил медиҳад.[17].
- 13 сентябр Ба ҳолати ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 2 млн 168 ҳазору 537 нафар (37,2%) нафар шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.
- 10 сентябр Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9 сентябр дар шаҳри Душанбе раҳпаймоии пуршукӯҳи осоишта доир гардид, ки дар он зиёда аз 30 ҳазор нафар кормандони вазорату идораҳо, афроди касбу кори гуногун, омӯзгрону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва сокинони пойтахт иштирок карданд.Суратгузориши ҷолибу диданӣ аз ин чорабинӣ.[18].
- 7 сентябр Толибон ҳукумати худро дар Кобул бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ эълон карданд. Бар асоси эъломия Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаи 55-сола роҳбари олии Толибон эълон шуд. Мулло Муҳаммад Ҳасан Охнуд сарпарасти ҳукумати Толибон ё сарпарасти Раёсати вузаро таъин шудааст.[19].
- 31 август Тибқи маълумотиДонишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз218 223 310 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ4 528 321 нафар фавтиданд,195 117 535 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон18 577 454 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарроДунёгирии COVID-19 фаро гирифтааст: шаҳрвандони —ИМА (39 953 651 наф.),Ҳиндустон (32 810 815 наф.),Бразилия (20 752 281 наф.) ва диг. ки зиёда аз як млн. наф. сироятёфтагон доранд:Фаронса,Русия,Туркия,Бритониёи Кабир,Италия,Испания,Олмон,Аргентина,Лаҳистон,Колумбия,Мексика,Эрон,Украина,Перу,Индонезия,Чехия,Африқои Ҷанубӣ,Нидерландия,Канада,Чили,Ироқ,Руминия,Филиппин,Шветсия,Белгия,Покистон,Ҷопон,Таиланд,Португалия,Исроил дохил шудаанд.[20].
- 31 август Омори сироятёфтагон аз COVID-19: Теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба16 852 баробар шуд, ки аз ин миён16 698 бемор комилан сиҳат ёфтаанд ва теъдоди қурбониён аз коронавирус ба124 нафар баробар шуд.[21].
- 31 август Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба бархе аз мансабдорони кунуниву пешина ва вакилони парлумон мукофоти давлатӣ супурд.[22].
- 25 август Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти имрӯзаш бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мавқеи Тоҷикистонро дар қиболи ҳаводиси Афғонистон ва тассаруфи ин кишвар аз сӯйи гурӯҳи "Толибон" равшан кард. Мавқеи Тоҷикистон дар баробари "Толибон": Ҳукумати фарогир бо иштироки тоҷикон ташкил шавад.
[23].
- 20 август Вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ҷабҳаи мубориза бо Толибон дар водии Панҷшер ташкил шудааст, ки ба он Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ ва Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд раҳбарӣ мекунанд.[24].
- 18 август Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як маросими хос ба 120 нафар мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супоридааст.[25].
- 11 август Тибқи маълумотиДонишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз205 068 448 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ4 331 925 нафар фавтиданд,184 166 187 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон16 570 336 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарроДунёгирии COVID-19 фаро гирифтааст: шаҳрвандони —ИМА,Ҳиндустон,Бразилия,Фаронса,Русия,Туркия,Бритониёи Кабир,Италия,Испания,Олмон,Аргентина,Лаҳистон,Колумбия,Мексика,Эрон,Украина,Перу,Индонезия,Чехия,Африқои Ҷанубӣ,Нидерландия,Канада,Чили,Ироқ,Руминия,Филиппин,Шветсия,Белгия,Покистон,Ҷопон дохил шудаанд.[26].
- 17 август Ба ҳолати шоми17 августисоли 2021 дар ҳудуди Ҷумҳури Тоҷикистон 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрвандон ё 29,5% аҳолӣ ваксина, ҷумла беш аз 212 ҳазор нафар онҳо вояи дуюми ваксинаро гирифтаанд. Ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба бемории COVID-19 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина вориди Ҷумҳури Тоҷикистон гардонида шуд.[27]
- 15 август Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли мусолиматомез дарАфғонистон ташкил шудааст. Бино ба ин изҳоротиҲомид Карзай, дар раъси ин шӯро,Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёр, раиси ҳизби исломии Афғонистон қарор доранд.[28]
- 15 август Ҷангҷӯёни «Толибон», тибқи иттилои шабакаи телевизионии Al Arabiya, рӯзи якшанбе бидуни ҷанг вориди Кобул шуда, ба ишғоли идорҳои давлатӣ, ки неруҳои ҳукуматӣ тарк кардаанд, шурӯъ намуданд. Президенти АфғонистонАшраф Ғанӣ Аҳмадзай15 август ба истеъфо баромад ва кишварро тарк намуд.[29]
- 31 июл Омори сироятёфтагон аз COVID-19: Теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба15 082 баробар шуд, ки аз ин миён14 556 бемор комилан сиҳат ёфтаанд ва теъдоди қурбониён аз коронавирус ба121 нафар баробар шуд.[30].[31]
- 31 июл Тибқи маълумотиДонишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз198 320 289 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ4 229 739 нафар фавтиданд,179 146 792 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон14 943 758 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарроДунёгирии COVID-19 фаро гирифтааст: шаҳрвандони —ИМА,Ҳиндустон,Бразилия,Фаронса,Русия,Туркия,Бритониёи Кабир,Италия,Испания,Олмон,Аргентина,Лаҳистон,Колумбия,Мексика,Эрон,Украина,Перу,Индонезия,Чехия,Африқои Ҷанубӣ,Нидерландия,Канада,Чили,Ироқ,Руминия,Филиппин,Шветсия,Белгия дохил шудаанд.[32]
- 28 июлисоли 2021 Шаби26 июл исоли 2021 ширкати ҳавопаймоии "Turkish Airlines", 1,5 миллион воя ваксинаи "Moderna"- ро аз Амрико ба Душанбе интиқол дод. Ваксинаҳо ба Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX ворид карда шуданд, ки тибқи он ҷумҳурӣ дар моҳи марти соли равон бо истифода аз маблағҳое, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА низ қисман дода шудааст, 192,000 воя ваксинаи "AstraZeneca" гирифтааст.[33].[34]
- 21 июл Омори сироятёфтагон аз COVID-19: Теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба14228 баробар шуд, ки аз ин миён13 801 бемор комилан сиҳат ёфтаанд ва теъдоди қурбониён аз коронавирус ба114 нафар баробар шуд.[35].[36]
- 21 июл Тибқи маълумотиДонишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз192 274 819 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ4 133 943 нафар фавтиданд,174 960 319 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон13 180 557 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарроДунёгирии COVID-19 фаро гирифтааст: шаҳрвандони —ИМА,Ҳиндустон,Бразилия,Фаронса,Русия,Туркия,Бритониёи Кабир,Италия,Испания,Олмон,Аргентина,Лаҳистон,Колумбия,Мексика,Эрон,Украина,Перу,Индонезия,Чехия,Африқои Ҷанубӣ,Нидерландия,Канада,Чили,Ироқ,Руминия,Филиппин,Шветсия,Белгия дохил шудаанд.[37]
- 21 июлисоли 2021 Хабаргузории Trend бо истинод ба Azerbaijan Airlines хабар додааст, ки Тоҷикистон аз Озарбойҷон 40 ҳазор вояи доруи англисӣ-шведӣ барои коронавируси ваксинаи AstraZeneca гирифт.; Тоҷикистон интизори қабули ваксинаи коронавирус аз чанд кишвари дигар аст.[38].
- 19 июн Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 10 варзишгар аз рӯи чор намуди варзиш дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ширкат мекунанд: Усмонов Баҳодур, Негматуллоев Шаббос, Зуҳуров Сиёвуш (бокс), Маҳмадбеков Сомон, Муродов Акмал, Устопириён Комроншоҳ, Раҳимов Темур (ҷудо), Аҳмадиев Илдар (варзиши сабук), Тюрина Анастасия ва Ишанов Олимҷон (шиноварӣ). гардид.[39].
- 12 июл ЧемпионатиЕВРО-2020 оид ба футбол. 11 июл тими миллии Италия бо яккачини Англия вохӯрд. Вақти асосӣ ва изофии вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Итолиёвиҳо дар задани силсилаи пеналтӣ ғалаба ба даст оварданд. (3:2) Италия дуввумин ҷоми қаҳрамонии Аврупоро бо гузашти 53 сол ба даст овард.[40].
- 25 июн Барандагони Ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Турсунзода дар соли 2021 муайян шуданд.[41].
- 23 июн Ҳафтаи гузашта дар ҷаҳон зиёда аз 2,5 миллион ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус ва беш аз 64 ҳазор ҳолати фавт сабт шудааст. Дар муқоиса бо ҳафт рӯзи пешин сатҳи беморӣ 6% ва фавт — 12% коҳиш ёфтааст, хабар додааст ТАСС имрӯз, 23 июн бо истинод баСозмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ).[42].
- 19 июн Дар интихобот ба мансаби президентӣ дар Эрон собиқ прокурори генералӣ ва роҳбари кунунии мақомоти судии Эрон Иброҳим Раисӣ пирӯзӣ кард.[43].
- 18 июнМаҷмаи Умумии СММАнтониу Гутерришро бори дуввум Дабири кулли созмон таъйин кард: муҳлати навбатии ӯ дар ин вазифа аз1 январисоли 2022 то31 декабрисоли 2026 мебошад.[44].
- 16 июн Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба90 нафар расид[45]
- 16 июн Тибқи маълумотиДонишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз177 418 269 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ3 838 600 нафар фавтиданд,161 866 135 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон11 713 534 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарроДунёгирии COVID-19 фаро гирифтааст: шаҳрвандони —ИМА,Ҳиндустон,Бразилия,Фаронса,Русия,Туркия,Бритониёи Кабир,Италия,Испания,Олмон,Аргентина,Лаҳистон,Колумбия,Мексика,Эрон,Украина,Перу,Индонезия,Чехия,Африқои Ҷанубӣ,Нидерландия,Канада,Чили,Ироқ,Руминия,Филиппин, Шветсия, Белгия дохил шудаанд.[46]
- 12 июн11 июнисоли 2021 ЧемпионатиЕВРО-2020 оид ба футбол оғоз гардид./Бо бозӣ байни дастаҳоиТуркия ваИталия дар гурӯҳи "А" рақобатҳои деринтизори Евро-2020 оғоз шуданд. Натиҷаи бозӣ: Туркия — Италия — 0:3 (0:0)[47].
- 11 июн Ҷудокори (дзюдо) маъруфи ТоҷикистонКомроншоҳи Устопириён, ки дар вазни - 90кг баромад мекунад, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 гардид.[48].
- 10 июн Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 36 ҳуҷҷат ба имзо расид.[49]
- 7 июн Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон, ки 4-6 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, сазовори 22 медал – 4 тилло, 9 нуқра, 9 биринҷӣ шуданд.[50]
- 3 июн Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ - Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо, инчунин, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.[51]
- 30 май Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба90 нафар расид[52]
- 28 май Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон (аз 1 сентябри соли 2021), ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад.[53]
- 20 май Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба рӯйхатиМероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато хонум Криста Пиккат қарор гирифт.[54]
- 30 апрел Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба90 нафар расид[55]
- 30 апрел Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз151 535 951 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ3 184 357 нафар фавтиданд,129 382 643 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон18 968 951 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро COVID-19 фаро гирифтааст, шаҳрвандони —ИМА (33 045 237 нафар),Ҳиндустон (18 977 305),Бразилия (14 592 886 нафар),Фаронса (5 592 390 нафар),Русия (4 805 288 нафар),Туркия (4 788 700 нафар ),Бритониёи Кабир (4 416 623 нафар),Италия, (4 022 653 нафар); зиёда аз 3 млн. нафар:Испания,Олмон, зиёда аз 2 млн. нафар:Аргентина,Лаҳистон,Колумбия,Мексика,Эрон,Украина зиёда аз 1 млн. нафар:Перу,Индонезия,Чехия,Африқои Ҷанубӣ,Нидерландия,Канада,Чили,Ироқ,Руминия,Филиппин дохил шудаанд.[56]
- 30 апрел Дар сӯҳбати телефонии сарони давлатҳоиТоҷикистон ваҚирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки ба таври фаврӣ рӯзи1 майисоли 2021 ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳоро оид ба делимитсия ва демаркатсия дар шаҳриБаткениҶумҳурии Қирғизистон доир намоянд.[57].
- 28 апрел Муноқишаи байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон28 апрелисоли 2021, соати 16:00 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълоиҷамоати Чоркӯҳи шаҳриИсфара дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад.[58]. Муноқишаи номбурда 29 апрел давом кардааст. Бар асари тирпаронии шаҳрвандони ду ҷониб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонида шудаанд.
- 20 апрел Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба90 нафар расид[59]
- 20 апрел Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз143 193 032 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ3 049 591 нафар фавтиданд,121 795 839 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон18 347 602 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро COVID-19 фаро гирифтааст, шаҳрвандони —ИМА (32 488 152 нафар),Ҳиндустон (15 586 512),Бразилия (13 977 713 нафар),Фаронса (5 296 222 нафар),Русия (4 718 854 нафар),Бритониёи Кабир (4 393 307 нафар),Туркия (4 323 596 нафар ), зиёда аз 3 млн. нафар:Италия,Испания,Олмон, зиёда аз 2 млн. нафар:Аргентина,Лаҳистон,Колумбия,Мексика,Эрон, зиёда аз 1 млн. нафар:Украина,Чехия,Перу,Африқои Ҷанубӣ,Индонезия,Нидерландия,Чили,Канада,Руминия дохил шудаанд.[60]
- 14 апрелсоли 2021 - Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон - «ТВ Илм ва табиат» дар ш.Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.[61].
- 8 апрел Моҳи шарифиРамазон (соли 2021) дарТоҷикистон13 апрел оғоз мешавад. Дар ин бора баАМИТ «Ховар» аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.[62]
- 7 апрел Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА муайян шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 1151.1 имтиёз дар зинаи 121-ум боқӣ монд.[63]
- 5 апрел Навори видеоииМанижа Сангин ба сурудиRussian Woman («Зани рус»), ки бо онРусияро дар 65-умин озмуни байналмилалии «Евровижн-2021» дарРоттердамиНидерландия муаррифӣ карда буд, дар шабакаи расмии озмун, дарYouTube миёни 39 клипи иштирокчиёни намоишисоли 2021 беш аз 6,7 миллион тамошобин пайдо карда, дар байни онҳо машҳуртарин шудааст.[64]
- 28 март Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз127 406 228 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ2 791 307 нафар фавтиданд,102 688 106 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 21 926 815 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро COVID-19 фаро гирифтааст, шаҳрвандони —ИМА (30 917 142 нафар),Бразилия (12 490 362 нафар),Ҳиндустон (11 971 624 нафар),Русия (4 519 832 нафар),Фаронса (4 508 575 нафар),Бритониёи Кабир (4 329 180 нафар),Италия, (3 512 453 нафар),Испания (3 255 324 нафар),Туркия,Олмон,Колумбия,Аргентина,Мексика,Лаҳистон,Эрон,Украина,Африқои Ҷанубӣ,Перу,Чехия,Индонезия,Нидерландия дохил шудаанд.[65]
- 27 март Ситоди ҷумҳуриявӣ барои баргузор намудани тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафар бо риоя намудани чораҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дод[66]
- 22 март Cозишномаи байниТуркманистон ваОзарбойҷон дар бораи иктишофи муштарак, коркарди манбаъҳои карбогидридҳои кони "Достлук" дар баҳри Каспий умедро барои татбиқи лоиҳаи сохтмони лӯлаи гази Транскаспий эҳё мекунад. Лӯлаигаз бароиАврупо манбаи алтернативии гази табиӣ хоҳад шуд.[67]
- 21 мартҶозеф Байден баЭмомалӣ Раҳмон: «Соли ҷорӣ ИМА ва Тоҷикистон 30-солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд»[68]
- 9 март Нахустин ваксинаи ширкати британиягии Оксфорд «AstraZeneca», ки тибқи иҷозатномаи он дар «Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон» (Srum Institute of India) истеҳсол шудааст,аз ҷонибиСозмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид, азДеҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.[69]
- 9 март Дарноҳияи Шаҳринав обидаи нави меъморӣ бо номи «I love Shahrinav» («Ман Шаҳринавро дӯст медорам») насб карда шуд. Лоиҳаи нави меъморӣ дар ҳалқагардиши сари пули Қаратоғ, воқеъ дар шоҳроҳиДушанбе —Турсунзода амалӣ гардид.[70]
- 27 феврал Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба90 нафар расид[71]
- 27 февралисоли 2021 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз113 991 689 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ2 529 421 нафар фавтиданд,89 544 725 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 21 917 543 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро COVID-19 фаро гирифтааст, шаҳрвандони —ИМА (29 136 912 нафар),Ҳиндустон (11 079 979 нафар),Бразилия (10 457 794 нафар),Русия (4 223 186 нафар),Бритониёи Кабир (4 163 085 нафар),Фаронса (3 712 020 нафар),Испания (3 188 553 нафар),Италия,Туркия,Олмон,Колумбия,Аргентина,Мексика,Лаҳистон,Эрон,Украина,Африқои Ҷанубӣ,Перу,Индонезия,Чехия,Нидерландия дохил шудаанд.[72]
- 26 феврал Дар конфронсиСозмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байниТимури Шарқӣ ваИттиҳоди Қамар ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинг зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳоиИДМРусия дар ҷои 27,Беларус дар ҷои 59,Қазоқистон дар ҷои 62,Арманистон дар ҷои 83,Озарбойҷон дар ҷои 100,Қирғизистон дар ҷои 115 мебошанд.[73]
- 26 феврал Пас аз натиҷаҳои соли гузашта, Тоҷикистон ҳаҷми қарзи хориҷии худро зиёд кард. Дар аввали моҳи январи соли 2021 ин рақам 3,2 миллиард доллар буд. Бояд қайд кард, ки ин 43,8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, барои ҳар як шаҳрванди кишвар 339 доллар рост меояд.[74]
- 19 феврал Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар нишасти матбуотии солонаи вазорат фаъолиятиМинтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Гуфта шуд, ки то январи соли 2021, ҳамагӣ 72 ширкатҳои саноатӣ номнавис шудаанд. 30 субъект дарМинтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 25 субъект дарМинтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект дарМинтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», 5 субъект дарМинтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва 1 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кулоб”.[75]
- 15 феврал Мувофиқи маълумоти БМТ, давоми соли 2020 барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт: шумораи умумии кортҳои аз ҷониби бонкҳои ватанӣ баровардашуда то охири соли 2020 зиёда аз 3,2 миллион ададро ташкил дод. То ҳолати 31 декабри соли 2020 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар Тоҷикистон мутаносибан, ба 1281 ва 5710 адад расидааст. Шумораи банкоматҳо давоми соли 2020 ба миқдори 403 адад ва шумораи терминалҳои электронӣ — 362 адад зиёд шудааст.[76]
- 4 феврал Дар Тоҷикистон шумораи гӯсфандони кӯҳӣ (архар ё «Марко Поло») ба беш аз 26 ҳазору 480 сар расидааст. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, саршумораибузҳои пармашох беш аз 2,7 ҳазор сар,гавазни бухороӣ — аз 500 то 520 сар,бабрҳои барфӣ то 300-350 сар вахирсҳои бӯр — то 800 сар зиёд шудааст.[77]
- 14 январ Шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба90 нафар расид[78]
- 14 январисоли 2021 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз93 040 666 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ1 992 794 нафар фавтиданд,66 515 972 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон24 531 900 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро COVID-19 фаро гирифтааст, шаҳрвандони —ИМА,Ҳиндустон,Бразилия,Русия,Фаронса,Туркия,Бритониёи Кабир,Италия,Испания,Аргентина,Колумбия,Олмон,Мексика,Лаҳистон,Эрон,Украина,Африқои Ҷанубӣ ваПеру дохил шудаанд.[79]
- 12 январ Баъди мулоқоти сеҷонибаи президентиРусияВладимир Путин, президентиОзарбойҷонИлҳом Алиев ва сарвазириАрманистонНикол Пашинян, дар шаҳри Москва изҳороти муштарак қабул шуд. Се роҳбар ба созиш расиданд, ки "ҳамаи робитаҳои иқтисодӣ ва равуои нақлиёт"-ро байни Озарбойҷону Арманистон барқарор кунанд.[80]
- 11 январ Интихоботипрезиденти Қирғизистон поён ёфт: Бино ба иттилои охир,Содир Ҷабборов бо касби 79,2 дарсади раъйи мардум аз ҳамаи рақибони интихоботиаш пеш гузаштааст Ҳамроҳ бо интихоботи президентӣ дар Қирғизистон рӯзи 10 январ раъйпурсии тағйири низоми идории он кишвар низ сурат гирифт. Ба иттилои расмӣ, 81 дарсади раъйдиҳандагон шакли мудирияти президентиро интихоб кардаанд.[81][82]
Бознигаред:Гурӯҳ:Зодагони соли 2021
Бознигаред:Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 2021
- ↑www.asiaplustj.info. Дар 30 сол Амрико ба Тоҷикистон $1,8 млрд кӯмак кардааст(тоҷ.) (24 Декабри 2021). 26 Декабри 2021 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. Эмомалӣ Раҳмон 2002-2026-ро панҷсолаи рушди саноат эълон кард(тоҷ.) (21 Декабри 2021). 26 Декабри 2021 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. Маош, каллаҳои холӣ, иқтисоди сабз, ҳуши сунъӣ ва хиёнат накардан: муҳимтарин нуктаҳои имсолаи паёми Эмомалӣ Раҳмон(тоҷ.) (21 Декабри 2021). 26 Декабри 2021 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. “Фалак”-и тоҷикӣ расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил шуд(тоҷ.) (16 Декабри 2021). 26 Декабри 2021 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. Тоҷикдухтар ба дарёфти медали тиллои Ҷоми ҷаҳонии бокс шараёфб гардид(тоҷ.) (13 Декабри 2020). 26 Декабри 2020 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. Қарзи берунаи Тоҷикистон дар 9 моҳ 18,4 млн доллар афзуд(тоҷ.) (8 Декабри 2020). 26 Декабри 2020 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. Месси 7-мин бор соҳиби Тӯби тиллоӣ шуд(тоҷ.) (30 ноябри 2020). 30 ноябри 2020 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. Қасри президент дигар дар 100-сомона нест, ҷойашро Кохи Наврӯз гирифт(тоҷ.) (18 ноябри 2020). 18 ноябри 2020 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. Қасри президент дигар дар 100-сомона нест, ҷойашро Кохи Наврӯз гирифт(тоҷ.) (15 ноябри 2020). 15 ноябри 2020 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. Дар Душанбе дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кушода шуд(тоҷ.) (29 октябри 2020). 29 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. Нуру Дустум "Шӯрои олии муқовимати миллии Афғонистон" таъсис доданд(тоҷ.) (23 октябри 2020). 23 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Меҳргон табрик кард(тоҷ.) (15 октябри 2020). 15 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. Дар 10 сол шумораи аҳолии Тоҷикистон беш аз 2 млн зиёд шудааст(тоҷ.). www.asiaplustj.info (12 октябри 2020). 12 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑www.asiaplustj.info. Шумори қурбониёни коронавирусдар ҷаҳон ба зиёда аз 5 млн нафар расид(тоҷ.). www.asiaplustj.info (5 октябри 2020). 5 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑Ҳамаи параметрҳои шаблони{{cite web}} бояд ном дошта бошад. Шаҳрдорӣ: Тайи 16 рӯзи ахир дар пойтахт ягон ҳолати сироят аз COVID-19 сабтнашудааст(тоҷ.) (17 сентябри 2020). 17 сентябри 2020 санҷида шуд.
- ↑Дар Душанбе ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД баргузор гардид(тоҷ.) (15 сентябри 2020). 15 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 сентябри 2021.
- ↑Ҳамаи параметрҳои шаблони{{cite web}} бояд ном дошта бошад. Дар Душанбе нишасти ҷашнии СҲШ ба кор оғоз кард(тоҷ.) (14 сентябри 2020). 14 сентябри 2020 санҷида шуд.
- ↑Ҳамаи параметрҳои шаблони{{cite web}} бояд ном дошта бошад. 30 ҳазор ба ифтихори 30-солагӣ.Раҳпаймоии мардумӣ(тоҷ.) (10 сентябри 2020). 10 сентябри 2020 санҷида шуд.
- ↑Ҳамаи параметрҳои шаблони{{cite web}} бояд ном дошта бошад. Ҳукумати "Толибон": Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода - раҳбари олӣ ва Мулло Ҳасан Охунд - раиси ҳукумат(тоҷ.) (7 сентябри 2020). 7 сентябри 2020 санҷида шуд.
- ↑Муфассал: Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 2021-08-23,соат 20:28(рус.). koronovirus.site. 31 августи 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19)(тоҷ.). covid.tj. 31 августи 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑Идомаи мукофотгириҳо: аз Рустами Эмомаливу Убайдуллоеву Достиев то Бег Сабур(рус.). www.asiaplustj.info. 31 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑shavad Мавқеи Тоҷикистон дар баробари "Толибон":Ҳукумати фарогир бо иштироки тоҷикон ташкилшавад(рус.). www.asiaplustj.info. 25 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер ҷабҳаи зидди Толибонро ташкил карданд(рус.). www.asiaplustj.info. 20 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑Ордени "Шараф", нависандаву ҳофизи халқӣ, корманди шоиставу хидмати шоиста: ҷоизаву унвонҳои давлатӣ ба 120 нафар(рус.). www.asiaplustj.info. 18 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑Муфассал: Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 2021-08-11, соат 18:55(рус.). koronovirus.site. 19 августи 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑ВАКСИНА – ВОСИТАИ ПАСТ КАРДАНИ ШИДДАТИ БЕМОРИИ COVID-19. Дар Душанбе маъракаи эмкунии аҳолӣ бар зидди бемории коронавирус 77% иҷро гардид(тоҷ.). www.khovar.tj. 18 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 августи 2021.
- ↑Кобул Суқут кард. Абдуллоҳ, Карзай, Ҳикматёр шӯрои ҳомоҳангии интиқоли мусолиматомези Афғонистонро ташкил доданд(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/. 15 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ТОЛИБОН ДИРӮЗ БА КОБУЛ ДАРОМАДА, ПАРЧАМИ ХУДРО БОЛОИ ҚАСРИ ПРЕЗИДЕНТ БАРАФРОХТАНД. Онҳо изҳор доштанд, ки ба Ашраф Ғанӣ пешниҳоди бо роҳи осоишта супоридани қудрат намуданд, аммо ӯ фирор кард(тоҷ.). www.khovar.tj. 17 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2021.
- ↑Афзоиши маргу гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон(тоҷ.). sputnik-tj.com. 21 июли 2020 санҷида шуд.
- ↑covid.tj дар рӯзи 31.07.2021(пайванди дастнорас)
- ↑Муфассал: Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 2021-07-31, соат 08:34. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑Дар Тоҷикистон ваксинзанӣ бо "Moderna" оғоз шуд(тоҷ.). sputnik-tj.com. 28 июли 2020 санҷида шуд.
- ↑covid.tj дар рӯзи 21.07.2021(пайванди дастнорас)
- ↑Афзоиши маргу гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон(тоҷ.). sputnik-tj.com. 21 июли 2020 санҷида шуд.
- ↑covid.tj дар рӯзи 21.07.2021(пайванди дастнорас)
- ↑Муфассал: Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 2021-07-21, соат 08:34. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑Боз як кишвари дигар ба Тоҷикистон ваксинаи коронавирус медиҳад(тоҷ.). sputnik-tj.com. sputnik-tj.com. 21 июли 2020 санҷида шуд.
- ↑Темур Раҳимов – парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон(тоҷ.). varzishtv.tj. varzishtv.tj. 11 июни 2020 санҷида шуд.
- ↑Итолиёвиҳо дар задани силсилаи пеналтӣ ғалаба ба даст оварданд(тоҷ.). ftv.tj. ftv.tj. 12 июли 2020 санҷида шуд.
- ↑Барандагони Ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Турсунзода муайян шуданд.(тоҷ.). khovar.tj. 25 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июни 2021.
- ↑Дар ҷаҳон дар як ҳафта беш аз 2,5 миллион нафар бо коронавирус сироят ёфтанд(тоҷ.). khovar.tj. 23 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июни 2021.
- ↑Дар Эрон номи президенти навро эълом карданд.(тоҷ.). khovar.tj. 19 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июни 2021.
- ↑ФАВРӢ! Гутерришро ба муҳлати дуввум дабири кулли СММ таъйин карданд(тоҷ.). khovar.tj. 18 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июни 2021.
- ↑covid.tj дар рӯзи 16.06.2021(пайванди дастнорас)
- ↑Муфвссал: Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 16.06.2021,соат 09:25. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑ЕВРО-2020 бо автогол оғоз гардид(тоҷ.). ftv.tj. 12 июни 2020 санҷида шуд.
- ↑МУБОРАК БОД! Комроншоҳ Устопириён ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт(тоҷ.). khovar.tj. 11 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 июни 2021.
- ↑10.06.2021
- ↑07.06.2021
- ↑03.06.2021
- ↑covid.tj дар рӯзи 30.05.2021(пайванди дастнорас)
- ↑28.05.2021
- ↑20.05.2021
- ↑covid.tj дар рӯзи 30.04.2021(пайванди дастнорас)
- ↑Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 30.04.2021,соат 19:33. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъ дар марзро баррасӣ намуданд(тоҷ.). khovar.tj. 30 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 апрели 2021.
- ↑Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад(тоҷ.). khovar.tj. 28 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 апрели 2021.
- ↑covid.tj дар рӯзи 20.04.2021(пайванди дастнорас)
- ↑Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 20.04.2021,соат 18:30. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑Имрӯз дар Душанбе Шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат» ифтитоҳ гардид(тоҷ.). khovar.tj. 14 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 апрели 2021.
- ↑Санаи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон муайян шуд. /khovar.tj/ 8.04.2021. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 ноябри 2022.
- ↑Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА муайян шуд. /khovar.tj/ 8.04.2021. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 ноябри 2022.
- ↑«Навори видеоии Манижа дар шабакаи «Евровидение» миёни иштирокчиёни соли 2021 аз ҳама бештар машҳур шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 май 2021.
- ↑Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 28.03.2021. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑Ситоди ҷумҳуриявӣ барои баргузор намудани тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафар бо риоя намудани чораҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дод /khovar.tj/ 27.03.2021. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 ноябри 2022.
- ↑Туркменистан устранил еще одно препятствие на пути к прямому экспорту газа в Европу /central.asia-news.com/22.03.2021
- ↑Байден ба Эмомалӣ Раҳмон: «Соли ҷорӣ ИМА ва Тоҷикистон 30-солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд» /tvt.tj/21.03.2021
- ↑COVID-19 Нахустин ваксина бар зидди коронавирус аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд /tvt.tj/9.03.2021
- ↑Дар Шаҳринав лоиҳаи нави меъморӣ — «I love Shahrinav» амалӣ гардид /tvt.tj/9.03.2021
- ↑covid.tj дар рӯзи 27.02.2021(пайванди дастнорас)
- ↑Коронавирус COVID-19 Global Cases. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑Таджикистан оказался в конце рейтинга по готовности к развитию новых технологий /avesta.tj/2021/02/26/
- ↑/sputniknews.ru/ 26.02.2021
- ↑Дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон 72 корхона фаъолият мекунанд /halva.tj/ 19.02.2021. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 май 2021.
- ↑Тоҷикистон теъдоди ҳамёнҳои электронӣ * тақрибан 5 маротиба афзоиш ёфтааст /khovar.tj/ 15.02.2021(пайванди дастнорас)
- ↑Дар Тоҷикистон шумораи ҳайвоноти нодир афзоиш меёбад /khovar.tj/ 4.02.2021. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 ноябри 2022.
- ↑covid.tj дар рӯзи 14.01.2021(пайванди дастнорас)
- ↑Коронавирус COVID-19 Global Cases/Донишгоҳи Хопкинс, Омори COVID-19 дар рӯзи 31.12.2020. 27 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑Бокуву Ераван равуои нақлиёт ва робитаҳои иқтисодиро барқарор мекунанд
- ↑Интихоботи президенти Қирғизистон поён ёфт: Ҷабборов пирӯз шуд
- ↑Ҷабборов гуфт, раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсияи Қирғизистон то июни имсол баргузор мешавад