Movatterモバイル変換


[0]ホーム

URL:


Ҷаҳиш ба мӯҳтаво
Википедиадонишномаи озод
Ҷустуҷӯ

Соли 2016

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Солҳо
2012 · 2013 · 2014 · 2015 2016 2017 · 2018 · 2019 · 2020
Даҳаҳо
1990-ум ·2000-ум2010-ум2020-ум ·2030-ум
Садаҳо
садаи XX садаи XXI садаи XXII 

Соли 2016 (ду ҳазору шонздаҳум) даргоҳшумории мелодӣсоли кабиса, оғоз дар рӯзиҷумъа. Ин 2016 солидаврони ҳозир, 16 солиҳазораи 3, 16 солисадаи XXI, 6 соли даҳаи 2 садаи XXI, 7 солидаҳаи 2010-ум.

Рӯйдодҳо

[вироиш |вироиши манбаъ]

декабри соли 2016

[вироиш |вироиши манбаъ]
  • Дар охири соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2-ро бо иқтидори 300 мегаватт мавриди истифода қарор доданд, ки он имконияти энергетикии мамлакатро ба таври назаррас афзун менамояд.(бештар...)

ноябри соли 2016

[вироиш |вироиши манбаъ]
  • 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо тарзи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додан ва оғози сохтмони чанд иншооти муҳим ба шаҳриСарбандивилояти Хатлон ташриф овард. Дар Сарбанд Пешвои миллат бо фаъолият ва ҷараёни татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқиНеругоҳи барқи обии «Сарбанд» инчунин бо ифтитоҳи марҳалаи дуюми таҷдиду навсозииҶСК «Азот» шинос шуд. Дар ҷараёни боздиди кории худ Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон дар ҳузури кормандони Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва сокинону фаъолони ин шаҳри саноатӣ суханронӣ карда, перомуни амалишавии барномаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва тадбирҳои таъмини некуаҳволии сокинон ибрози андеша намуданд. (бештар...)
Соли равон мардуми шарафманди тоҷик нахустин маротиба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд. Нигаред муфассал:(бештар...)[1]

октябр соли 2016

[вироиш |вироиши манбаъ]

сентябр соли 2016

[вироиш |вироиши манбаъ]
  • 13 сентябр дарноҳияи Спитаманивилояти Суғд бо иштирокиПрезиденти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаиҶСП «Норд Азия Металл» баргузор гардид.
    ҶСП «Норд Азия Металл» самараи ҳамкориҳои манфиатбори доираи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ваҶумҳурии Мардумии Чин мебошад. Сохтмони корхонасоли 2014 оғоз гардида барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир дар он беш аз 23 млн сомонӣ масраф шудааст, ки 11 млн сомонии онро арзиши таҷҳизоту технологияҳои корхона ташкил медиҳад. Дар корхонаи навбунёд асосанқубурҳо ва профилҳои металии даврашакл ва чоркунҷашакл истеҳсол шуда иқтидори солонааш 60 ҳазор тонна металл мебошад.
    Инчунин дар ноҳия ифтитоҳи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдудиҶДММ «Спитамен Ойл» ки соли 2010 дар минтақаи саноатии Ҷамоати шаҳракиНавкати ноҳия дар асоси шартнома бо ширкати «Кушо» оғоз шуда баанҷом расидаст, баргузор гардид.[6][7][8]
  • 9 сентябр дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳриДушанбе ба ифтихори солгарди 25-умин Истиқлоли давлатииҶумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки ширкаткунандагон ин намоиш бо сарулибоси идонаи гуногунранг ва бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат раҳпаймоӣ карданд. (Ниг. Ба аксҳо)[9]
  • Бегоҳии9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид. Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби бештар аз 12 ҳазор нафар манзури ҳозирин карда шуд. Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи театркунонидашуда буд, ки сокинон ва меҳмонон пойтахт дар давоми зиёда аз 10 дақиқа онро тамошо намуданд. Дар чорабиниҳои ҷашнӣ намояндагони сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт, журналистони ВАО ва меҳмонон хориҷи кишвар ҳузур доштанд.[10][11]
  • 8 сентябр Тантанаи идонаи ҷашнӣ ба муносибати таҷлили25-умин солгарди Истиқлоли давлатииҶумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстии пойтахт аз субҳи имрӯз оғоз гардид. Бо қадамҳои мутантани сафӣ аз маркази майдони чорабинӣ беш аз 16 ҳазор нафар хидматчиёни ҳарбӣ расми гузашти низомӣ доир намуданд.[12]
  • 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ боПрезиденти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳумИслом Каримов вориди шаҳриСамарқанд шуданд. Маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар майдони Регистон ва митинги мотам дар Қароргоҳи Ҳукуматии шаҳри Самарқанд баргузор гардид. Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони як қатор давлатҳою ҳукуматҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам ва намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок карданд.[13]
  • 2 сентябри соли 2016 ҳукумати Ӯзбекистон расман марги Ислом Каримовро тасдиқ кард.[14] Дар мамлакат се рӯз мотами миллӣ эълон гардид. Маросими бахоксупории раиси ҷумҳури Ӯзбекистон имрӯз, 3 сентябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.[15]


августисоли 2016

[вироиш |вироиши манбаъ]
  • Аз 18 то 25 август донишномаи Википедия.ру (анг. Wikipedia.ru), ба рӯихати сомонаҳои дар Русия баста шуда шомил шуда буд. Ин амал аз ҷониби идораи назорати давлатии Русия - Роснадзор бо пешниҳоди қарори суди яке аз ноҳияҳои вилояти Астрахани Русия, барои дар ВП русӣ нашр намудани мақолаи "Чарас" (Чарас (наркотическое_вещество) бештар...) бинобар дар ВП-и русӣ нашр гардидани мақолае, ки намуд ва таркибимаводи нашъадорро дорост, иҷро гардида буд. Роснадзори Русия рӯзи 25.08.2016 ин қарорашро бекор кард ва Википедия.ру дар қаламрави Русия боз ба кор даромад. (бештар...)
  • 24 август Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дарноҳияи Ёвон дар вазъияти мутантанроҳи оҳани Душанбе-Бохтар-Кӯлобро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин роҳи оҳан пойтахтиҶумҳурии Тоҷикистоншаҳри Душанберо бовилояти Хатлон пайваст мекунад. Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе-Бохтар-Кӯлоб, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон 41 км буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 адад пули калону миёна сохта шудааст.
  • 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллииБразилия (соати 5:05-и 20 август ба вақтиДушанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳриРио-де-ЖанейроиБразилия мусобиқоти ниҳоӣ шурӯъ шуд ва варзишгари ТоҷикистонДилшод Назаров гурзро ба масофаи78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт ва сазовори унвони чемпиони бозиҳои XXXI олимпӣ вамедали тилоиБозиҳои олимпӣ гардид.

Июнисоли 2016

[вироиш |вироиши манбаъ]
  • 1 июн соли2016 дарВикипедия 293 қисматҳои забонҳои ҷаҳонӣ (аз он ҷумла 282-тои он фаъол) мавҷуданд. Аз ҷумла, 13-тои он зиёда аз 1 миллион мақола, 45-тоаш аз 100 ҳазор то 1 млн. мақола, 74-тоаш зиёда аз 10 ҳазор мақола (аз ҷумла ба забони тоҷикӣ) ва 112 қисматҳо зиёда аз 1 ҳазор мақола доранд. Ҷамъи ҳамаи мақолаҳои ба забонҳои гуногун вироиш гардида то1 июнисоли 2016 - 40 157 126 мақола (аз ҷумла зиёда аз 150 млн. саҳифа)ро дарбар мегирифт).[17]

Апрелисоли 2016

[вироиш |вироиши манбаъ]
  • 22 апрел Корхонаи ҶДММ “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” — дарноҳияи Ёвонивилояти Хатлон ба истифода супорида шудааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи як коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар саҳни ҳавлии он барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ асос гузошт.[18]

Мартисоли 2016

[вироиш |вироиши манбаъ]
  • 24 мартисоли 2016Корхонаи ҶДММ "Хуаксин Ғаюр - Суғд-семент" — дарноҳияи Ғафуров ваКорхонаи ҶДММ "Нафтрасон" — дар ш.Конибодомивилояти Суғд ифтитоҳ ёфтаанд.[19][20]
  • 15 март Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро имзо намуд, ки мувофиқи он ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот, ном ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ карда шудааст. Аз моҳи марти соли равон номгузорӣ бо истифода аз пасвандҳои “ов” ва “ович” мамнуъ мебошад: “Аммо ин муқаррарот ба ақалиятҳои миллӣ рабт надорад. Барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва тоза нигоҳ доштани забон муқаррар шудааст, ки тоҷикон аз номгузории миллии худ кор баранд. Тоҷикон метавонанд бо истифода аз пасвандҳои “зода”, “иён” ”пур” ва ғайра фарзандонашонро ном гузоранд.

Барои афроде, ки феълан бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, иваз намудани номгузорӣ ихтиёрӣ мебошад: "Онҳое, ки айни ҳол дар санадҳо бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, метавонанд номгузорияшонро иваз кунанд. Ин ихтиёрӣ мебошад".[21]

январи соли 2016

[вироиш |вироиши манбаъ]
  • 15 январВикипедиа ҷашни 15 солагии амалашро таҷлил намуд. Дар асри XXI лоиҳаи Википедиа башарияти оламро бомаърифат кард ва ин саҳми барҷаставу беғаразонаи ҳамкории корбарони гуногунзабони лоиҳа, барои башарият аст. Нигаредба саҳифаи 15 солагии Википедиа(пайванди дастнорас)

Зодрӯзҳо

[вироиш |вироиши манбаъ]

Бознигаред:Гурӯҳ:Зодагони соли 2016

Даргузаштҳо

[вироиш |вироиши манбаъ]

Бознигаред:Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 2016

Нигаред низ

[вироиш |вироиши манбаъ]
commons:Соли 2016 дар Викианбор

Эзоҳ

[вироиш |вироиши манбаъ]
  1. РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ЭҲТИРОМ ВА САДОҚАТ
  2. Қатъи фаъолияти хабаргузории мустақили TojNews(пайванди дастнорас)
  3. "Баста шудани Тоҷнюс сигнали бад аст"
  4. ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУҲОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  5. Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун //PRESIDENT.TJ — 29 октябри 2016, 12:29
  6. Ифтитоҳи Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен. 31 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 октябри 2016.
  7. Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии ҶСП «Норд Азия Металл». 31 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 сентябри 2016.
  8. Эмомали Рахмон прибыл в Спитамен. 30 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 сентябри 2016.
  9. Роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АКС/. 31 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 сентябри 2016.
  10. Тантанаҳои фарҳангии марказӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 31 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 май 2017.
  11. В_республике_отпраздновали_День_Независимости_Таджикистана
  12. Гузашти низомӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон // PRESIDENT.TJ — 8 сентябри 2016, 10:20, шаҳри Душанбе.
  13. Иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов // PRESIDENT.TJ — 3 сентябри 2016, 18:06, Ӯзбекистон.
  14. Правительственный портал Республики Узбекистан
  15. Узбекистан без Ислама Каримова // Коммерсантъ. — 2 сентября 2016, 19:57.
  16. Ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара — PRESIDENT.TJ
  17. (Википедиа:Феҳристи Википедиа) 2.06.2016
  18. Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» дар ноҳияи Ёвон. 26 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2016.
  19. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016. 30 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 Декабри 2020.
  20. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016(пайванди дастнорас)
  21. Баъди имзои Президент: “Ов” ва “ович” расман манъ шуданд. 30 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 май 2016.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/w/index.php?title=Соли_2016&oldid=1377588"
Гурӯҳ:
Гурӯҳҳои пинҳон:

[8]ページ先頭

©2009-2026 Movatter.jp