Movatterモバイル変換


[0]ホーム

URL:


Ҷаҳиш ба мӯҳтаво
Википедиадонишномаи озод
Ҷустуҷӯ

Об

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Як чакраи об

Об – манбаи ҳаёт мебошад.

Сифати об

[вироиш |вироиши манбаъ]

Обу ободонӣ гуфтаанд. Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замони қадим инҷониб тақдири худро бо об вобаста кардаанд. Маҳз аз давраҳои қадимтарин одамон дар соҳилҳои бузурги дарёҳоиНил,СируОмӯ,Миссисипӣ,Волга,РейнуДунай,ГангуБрахмапутра мезистанд, барои ризқу рӯзии худ кишту кор мекарданд.Агар ба таьрихи муборизаи халқҳо нигарем барои ба даст овардани об чи андоза пурфоҷиа ва мураккаб будааст. Ба лӯлаҳои махсус азХитой баГонконг об бурдаанд. Бо оби овардашуда аксар ноҳияҳоиАфриқои Шимолӣ ва нимҷазираиАрабистон зиндагӣ мекунанд. Норасоии обро имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ҳис мекунад.ДарТоҷикистон тақрибан 1300кӯл бо масоҳати умумии 705км.кв мавҷуд аст. Кӯлҳои бузург асосан дарПомир мавҷуданд. 73% кӯлҳоиТоҷикистон дар кӯҳҳои Помиру Олой дар баландии аз 3500то 5000м. аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.

Оби тоза

[вироиш |вироиши манбаъ]

Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфераи сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби ширин дар табиат нобаробар аст. Беш аз 2 миллиард нафар одамон имрӯзҳо камбудии шадиди ин неьмати худододро эҳсос мекунанд. Бо баробари рушди муносибатҳои демографӣ ин масьала торафт мураккабтар мегардад. Таваҷҷуҳи ҷомеаи чаҳониро ба муҳим будани ин масьала ба назар гирифта шудааст.Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон қайд мекунад: “Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаьҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”.

ДарҶумҳурии Тоҷикистон 55,4 фоизи ҷараёни миёнаи бисёрсолаи дарёҳои ҳавзаибаҳри Арал ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эьтибор гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз1 декабри соли2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар ҶумҳурииТоҷикистон ” қарор қабул кард. Обро минерали нодиртарини захираҳои табии арзёбӣ намудаанд. Ягон ҷизи дигар обро иваз карда наметавонад. Аз миқдори умумии об 96,5% дар уқёнусу баҳрҳо мавҷуд аст. Оби ширини ошомиданӣ дар яхҳоиАнтарктида ваАрктика, дар минтақаҳои яхбандии доими ва пиряхҳои кӯхӣ ба миқдори 2,53% маҳфузанд.Шукрона аз он, ки дар диёри азизи мо ин мӯьҷизаи нодир бештар ба назар мерасад.Ва бояд гуфт, ки Тоҷикистони маҳбуби мо дорои дарёҳои обаш зулол ва дармонбахш аст, ки диққати чаҳониён ба он нигаронида шудааст. Имрӯз, ки мо дар остонаи асри XXI қарор дорем, аз ин сабаб ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳифз кардани оби тоза ва сарсабзу хуррам гаштани диёри офтобиамон камари ҳиммат бандем ё чи хеле, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳифзи табиат омадааст :” Фарзанди инсон, ки худ зодаи табиат аст, фақат дар ҳолати доштани меҳру муҳаббат ба табиат метавонад ватанпарвар бошад”.


Нигаред

[вироиш |вироиши манбаъ]

Пайвандҳо

[вироиш |вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/w/index.php?title=Об&oldid=1293776"
Гурӯҳ:

[8]ページ先頭

©2009-2025 Movatter.jp