Movatterモバイル変換


[0]ホーム

URL:


Ҷаҳиш ба мӯҳтаво
Википедиадонишномаи озод
Ҷустуҷӯ

Новбон якум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Новбон якум
Сардӯшӣ ва нишони остини новбон якум дар Нерӯи дарёии Эрон
Кӯтаҳнивиштфорсӣ:ناوبان یکم
Кишвар Эрон
Дараҷаи болотарНовсарвон
Дараҷаи пойинтарНовбон дувум
Ҳамто

Новбон якум (форсӣ:ناوبان یکم‎) —дараҷаеафсарӣ дарнерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар азновбон дувум ва пойинтар азновсарвон дорад ва баробар ботаҳморо дарнерӯҳои заминӣ ваҳавоӣ аст[2].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Новбон дувум

Новбон якум
Дараҷаи болотар:
Новсарвон

Вожашиносӣ

[вироиш |вироиши манбаъ]

«Новбон» ба маънои «киштибон» дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст:

Бад-он новбон гуфт Фирӯзшоҳ,
Ки киштӣ барафкан ҳамакнун ба роҳ[3].

Ин истилоҳ аз яквожа ва якпасванд сохта шудааст:нов (форсӣ:ناو‎ <порсии миёна:nāv- <порсии бостон:nāvam-киштӣ[4] +-бон (форсӣ:بان-‎ <порсии миёна:-bān, -vān <паҳлавӣ:pāna-нигаҳбон,посбон’ < эронии бостон:*√pā-поидан,нигаҳбонӣ кардан’+-van), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳбон»-ро мерасонад[5]. Ин пасванд дар илҳоқ ба чанд исми маънӣ ба маънои «кунанда,варзанда,доранда» аст[6]. Мақулаи дастурии ин вожаисм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (нов) +пасванд (-бон)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

Пешина

[вироиш |вироиши манбаъ]

Дараҷаи «новбон»соли 1935 бо раводидиФарҳангистони забони Эрон ба ҷои «сутвони нерӯи дарёӣ» ба кор гирифта шуда[7] ва ҳамтоилейтенант[1] (азфр. lieutenant <фр. lieu tenant <лот.locum tenens «ҷойнишин») аст, ки дар нерӯҳои дарёии кишварҳои урупоӣ ба кор меравад ва се рутба дорад:

Эзоҳ

[вироиш |вироиши манбаъ]
  1. 1.01.1Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. —М.: Воениздат, 1972. — С. 285; 447. — 655 с. —3 500 экз.
  2. Сипаҳбад Муҳаммад Козимӣ. Фарҳанги вожаҳои низомӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Артиши шоҳаншоҳӣ, 1355 (чопи дувум) – 440 саҳ.. 22 июли 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 июли 2023.
  3. Деҳхудо,Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.(пайванди дастнорас)
  4. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383.ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2700.
  5. Таботабоӣ,Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. – 116.ISBN 978-600-105-121-0.
  6. Содиқӣ,Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45.
  7. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 40. 28 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.

Пайвандҳо

[вироиш |вироиши манбаъ]
⚙️ 
Нерӯи заминӣ
Нерӯи ҳавоӣ
Сарбозон
Размоварон
Размсозон
Саркардагон
Сардорон
Солорон
Нерӯи дарёӣ
Новиён
Новёрон
Новдорон
Саркардагон
Сардорон
Солорон
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/w/index.php?title=Новбон_якум&oldid=1443932"
Гурӯҳҳо:
Гурӯҳҳои пинҳон:

[8]ページ先頭

©2009-2025 Movatter.jp