Новбон дувум | ||||
|---|---|---|---|---|
| ||||
| Кӯтаҳнивишт | форсӣ:ناوبان دوم | |||
| Кишвар | ||||
| Дараҷаи болотар | Новбон якум | |||
| Дараҷаи пойинтар | Новбон севум | |||
| Ҳамто | ||||
Новбон дувум (форсӣ:ناوبان دوم) —дараҷаеафсарӣ дарнерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар азновбон севум ва пойинтар азновбон якум дорад ва баробар ботаҳмдор дарнерӯҳои заминӣ ваҳавоӣ аст[2].
| Дараҷаи пойинтар: Новбон севум | Новбон дувум | Дараҷаи болотар: Новбон якум |
«Новбон» ба маънои «киштибон» дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст:
Бад-он новбон гуфт Фирӯзшоҳ,
Ки киштӣ барафкан ҳамакнун ба роҳ[3].
Ин истилоҳ аз яквожа ва якпасванд сохта шудааст:нов (форсӣ:ناو <порсии миёна:nāv- <порсии бостон:nāvam- ‘киштӣ’[4] +-бон (форсӣ:بان- <порсии миёна:-bān, -vān <паҳлавӣ:pāna- ‘нигаҳбон,посбон’ > эронии бостон:*√pā- ‘поидан,нигаҳбонӣ кардан’ +-van), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳбон»-ро мерасонад[5]. Ин пасванд дар илҳоқ ба чанд исми маънӣ ба маънои «кунанда,варзанда,доранда» аст[6]. Мақулаи дастурии ин вожаисм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (нов) +пасванд (-бон)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
Дараҷаи «новбон»соли 1935 бо раводидиФарҳангистони забони Эрон ба ҷои «сутвони нерӯи дарёӣ» ба кор гирифта шуда[7] ва ҳамтоилейтенант[1] (азфр. lieutenant <фр. lieu tenant <лот.locum tenens «ҷойнишин») аст, ки дар нерӯҳои дарёии кишварҳои урупоӣ ба кор меравад ва се рутба дорад: