Забоншиносӣ (азпорсӣ:زبانشناسی) ёлингвистика (азлотинӣ:Linguistica), илм дар бораи забони инсон буда, қонуни мавҷудият ва инкишофи таърихии онро меомӯзад. Забоншиносии ҳозира серсоҳа ва бо дигар соҳаҳои улуми гуманитарӣ алоқаманд аст. Забоншиносии умумӣ умдатарин қонуниятҳои инкишоф ва мавҷудияти забонҳоро тахқиқ мекунад. Забоншиносии хусусӣ бошад забонҳои алохида ё гурӯҳи забонҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Забоншиносӣ аз рӯи усули тадқиқ,ба муқоисавӣ-таърихӣ,типологӣ, структурӣ,Забоншиносии математикӣ,Забоншиносии психологӣ тақсим мешавад. Лекнн аз рӯи хулосаҳое, ки дар натиҷаи таҳқиҷ ба даст омадааст, аз хусуси Забоншиносии назариявӣ ва амалӣ метавон сухан ронд; ба таърихи ва тасвири ҷудо кардани забоншиносӣ вобаста аст ба материале, ки тасдиқ, карда мешавад. Ба омӯзиши шеваҳои маҳаллӣ шевашиносӣ машғул аст. Услубшиносӣ,сотсиолингвистика, таърихи забони адабӣ низ аз соҳаҳои мустақили забоншиносии имрӯзаанд. Забоншиносӣ соҳаҳоеро низ дарбар мегирад, ки ҷиҳатҳои гуногуни забонро таҳқиқ мекунанд:фонетика вафонология — системаи овозҳоро,грамматика (морфология васинтаксис) — сохти калима ва ҷумларо,лексикология валексикография — таркиби луғавиро,фразеология — ибораву калимаҳои рехтаро,этимология — баромад ва инкишофи калимаҳоро,ономастика (антропонимика ватопонимика) — исмҳои хосро,палеография — таърихи хатро ва ғайра. Забоншиносӣ босемиотика — илм дар бораи системаи аломатҳо, ки забон ҳам ба он дохил аст, инчунин боадабиётшиносӣ,психология,таърих,мантиқ,фалсафа,география алоқаманд буда, аз комёбиҳоириёзӣ,кибернетика,физика ва дигар соҳаҳои илм баҳра мегирад.
Дар забони англисӣ ба мисли дигар забонҳо замон вуҷуд дорад, ки масалан.
Go-went-gone меравад-рафт-хоҳад рафтDo-did-done мекунад-кард-хоҳад кардSee-saw-seen мебинад-дид-хоҳад дидва ғайраҳо.
Забоншиносӣ дар Шарқи Қадим, баъди ба вуҷуд омадани хат пайдо шудааст. Барои таълими хат ва забони хаттӣ дарБайнаннаҳрайни Қадим ва баъдтар дар дигар мамлакатҳоиОсиёи Пеш (дар ҳазорсолаи 2-юми то мелодӣ) руйхати рамзҳои ҳиҷоӣ, шаклҳои грамматикӣ ва луғатҳо тартиб медоданд, вале он вақт назарияи забон ба вуҷуд наомада буд. Забоншиноси дарХиндустони Қадим ба дараҷаи фавқулода баландӣ инкишоф расида буд. Грамматикае, ки Панинӣ (тадр. а. 5 то м.) тартиб додааст, тасвири пурра ва дар айни ҳол хеле мҷази забон буд. ДарЮнони Қадим ваРим забоншиносӣ асосан дар шакли ба истилоҳ грамматикаи мантиқӣ ҷараён дошт, ки намояндаи барҷастаи ин равияАристотел буд. Аз а. 19, аз вақте ки забоншиносии умумӣ ва муқоисавӣ-таърихӣ (Вилҳелм Гумболдт,Франз Бопп,Якоб Гримм ва дигарон) ва мактабиҷавонграмматикҳо (Карл Брутман,Бертҳолд Делбрюк ва дигар) ба вуҷуд омаданд, давраи муҳимтарини тараққиёти забоншиносӣ cap мешавад. А. Шлейхер забоншиносиро ба илмҳои табиӣ ва қонунҳои дохилии онро ба қонунҳои табиат нисбат медод, вале Г. Штейнтал қонунҳои дохилии забонро «коллективӣ-психологӣ» медонист.Иван Бодуэн де Куртенэ таълимоти Гумболдтро дар бораи «шакли забонӣ» инкишоф дод, ки баъдтар асоси бештари равияҳои структурализм қарор гирифт (вай мафҳуми фонемаро низ тадқиқ кардааст). Дар ибтидои садаи XX равияҳои гуногун, ба монандигеографияи лингвистӣ, баъдтарнеолингвистика, мактаби эстетикӣ, назарияҳои атомистӣ, ки кӯшиш доштанд забонро ҳамчун эҷодиёти шахсони алоҳида пешниҳод кунанд, мактаби формалӣ (Ф. Ф. Фортунатов ва дигарон), равияи сотсиологӣ (А. Мейе ва дигарон) роли намоён бозидаанд. Баъди табъ ёфтани «Курси забоншиносии умуми»-иФердинанд де Соссюр (1916) дар забоншиносӣ равияҳои гуногуни структурализм, чун мактаби прагагӣ, ки ба истилоҳ, назарияи фонологиро ба вуҷуд овардааст, мактаби копенгагенӣ, ки кӯшиш дошт назарияи универсалии системаҳои семиотиро тapтиб диҳадЗабоншиноси дескриптивии америкоӣ, фалсафаи забон, забоншиносии математики ва ғайра паҳн гардиданд. Дар забоншиносии советӣ солҳои аввали баъдиИнқилоби Октябр равияи ҷавонграмматикҳо (Алексей Шахматов ва дигарон) ва мактаби И. А. Бодуэн де Куртенэ (Л. В. Щерба,Евгений Поливанов ва дигарон) роли асосӣ бозиданд. Аз миёнаи солҳои 20-ум «таълимоти нав дар бораи забон»-и Марр ба рӯи кор омад, ки беасос будани он дар аснои мубоҳисаи соли1950 оид ба забоншиносӣ ошкор карда шуд. Дар солҳои 40—50 доир ба эабоншиносни мудоисави-таърихӣ як силсила таълифот ба миён омад. Дар замони ҳозира шохаҳои гуногуни забоншиносӣ ба истилоҳ, «забоншиносии амалӣ» (тарҷумаи мошинӣ, статистикаи нутқ ва дигар) инкишоф ёфта истодаанд.
Забоншиносии тоҷик низ таърихи хеле қадим дорад. Таълиму тарғибиАвасто ва дигар осори қадим бе асарҳои тасрифию тафсирӣ мумкин набуд. Вале азон замонҳо то ба мо асаре доир ба забоншиносӣ нарасидааст. Забоншинисони тоҷик аз комёбиҳои забоншиносии Ҳиндустон ва Юнони Қадим хабар доштанд вагарна, дар забоншиносии араб он қадар саҳми калон намегузоштанд (таълифоти забоншиносии Сибавейх., Аҳфати Акбар ва ғайраҳо). Аз садаи X cap карда дар шароити дузабонӣ ва сезабонӣ забоншиносони тоҷику форс бештар ба луғатсозӣ машғул шудаанд. Дар ин давра як дастур луғатҳои арабӣ-тоҷикӣ, тоҷики-туркӣ, луғатҳои тафсиӣ ва тафсирии соҳавӣ ба вуҷуд оиаданд.