Movatterモバイル変換


[0]ホーム

URL:


Ҷаҳиш ба мӯҳтаво
Википедиадонишномаи озод
Ҷустуҷӯ

Бустун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Бустун
англ. Boston
Парчам[d]
Парчам[d]
Кишвар [[|]]
РоҳбарMichelle Wu[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис7(17) сентябр1630[2]
Масоҳат
Баландии марказ43 м
Навъи иқлимhumid continental climate[d]
Минтақаи замонӣEDT[d], UTC−05:00[d] ва UTC−04:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон617
Нишонаи почта02108, 02109, 02110, 02111, 02112, 02113, 02114, 02115, 02116, 02117, 02118, 02123, 02133, 02163[5], 02196[5], 02199[5], 02201[5], 02203, 02204, 02205, 02206, 02210, 02211, 02212, 02215[5], 02217[5], 02222[5], 02241[5], 02283, 02284, 02293[5], 02297 ва 02298
boston.gov(англ.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бустун (англ. Boston[ˈbɒstən](итт.)) — марказ ва бузургтарин шаҳри иёлати МасачуссетсиАмрико. Ин шаҳр бо ҷамъияте беш аз 667 137 нафар, бисту севумин шаҳри бузурги Амрикост. Дар соҳили халиҷи Массачусетси Уқёнуси Атлантик, дар резишгоҳи рӯдхонаи Чарлз воқеъ гаштааст.

Аҳолиаш 625 ҳазор нафар (бо аҳолии атрофаш зиёда аз 5,9 млн нафар, 2012). Маркази бузургтарини нақлиётии шимоли шарқи ИМА; бандари муҳимми баҳрӣ (муомилоти бор 16 млн т дар як сол). Фурудгоҳи байналмилалӣ (Логан) дорад.

Таърих

[вироиш |вироиши манбаъ]

Бустун яке аз аввалин қасабаи муҳоҷирони англису Амрикои Шимолӣ буд. Соли 1630 мустамликаи Массачусетс-Бэй. Аз аввали асри 17 то соли 1760 яке аз шаҳрҳои бузурги мустамликаи Англия дар Амрико ба ҳисоб рафта, баъдан мақоми аввалиятро ба Филаделфия дод. Севвумин бандари мубодилаи бори Империяи Британия ба ҳисоб мерафт. Ба таври расмӣ аз соли 1822 мақоми шаҳрро соҳиб гардид. Аз асри 19 Бустун яке аз шаҳрҳои бузургтарини ИМА ҳисоб меёфт. Соҳаҳои иқтисодиёти Бустун-и муосир бахши молиявӣ (хидматрасонии бонкӣ, ширкатҳои суғуртавӣ), тандурустӣ (16 беморхона ва 8 маркази илмии тиббӣ), саноати технологияи навин (радиоэлектроника, таҷҳизоти компютерӣ, воситаҳои автоматикунонӣ, телекоммуникатсия) ва табъу нашр мебошад. Асбобсозӣ (асбобу анҷоми тиббӣ), истеҳсоли муҳаррикҳои авиатсионӣ ва киштӣ, киштисозӣ ва таъмири киштӣ яке аз соҳаҳои пешрафтаи Бустун аст. Саноати чарму пойафзор, кимиё, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли резин ривоҷ ёфтааст. Дар Бустун метрополитени қадимӣ (аз 1897), шоҳроҳи нақлиётии Биг-Диг бо нақби назди бандари баҳрӣ ва маҷмӯи таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ (2004) мавҷуд аст. Бустун тарҳи меъмории аврупоиро дорост. Солҳои 1960-90 қисми марказии шаҳр таҷдид гардида, иморатҳои осмонбӯси Ҷон-Хэнко-Билдинг, Пруденшл-Сентер (50 ошёнаанд) бунёд гардиданд. Биноҳои асрҳои 18-19, аз қабили Хонаи қадимии иёлат (1711-47), Фанейл-Холл (1742), Антенеум (китобхонаи қадимии ИМА, 1847), госпитали клиникии Массачусетс (1811) ва ғ. маҳфуз мондаанд.

Донишгоҳҳо

[вироиш |вироиши манбаъ]

Бустун маркази бузургтарини илмӣ ва таълимии ИМА ба ҳисоб рафта, дар он Донишгоҳи Гарвард (Кембриҷ, 1636), Институти технологии Массачусетс (1861), Донишгоҳи Бостон (1869), Донишгоҳи Шимоли Шарқӣ (1898) ва донишгоҳҳои Брэндис, Тафтс, Консерваторияи мусиқии Англияи Нав (1867), оркестри симфонии Бостон, театри опера ва балет, осорхонаҳои саноеи нафиса, илмӣ, таърихи дақиқ, кӯдакона, Осорхонаи бадеии Изабелла Стюарт Гарднер, Осорхонаи таърихи Африқо ва Амрико мавҷуданд. Лавҳаҳои ёдгори Холокост, Ҷон Кеннеди, Боғи миллӣ-таърихӣ бо осорхонаи «Банкер-Хилл», истгоҳи киштии ҳозиразамони «Конститюшн» дар Бустун ҷойгиранд. Пойгоҳи флоти баҳрӣ дорад.

Эзоҳ

[вироиш |вироиши манбаъ]
  1. https://www.boston.gov/departments/mayors-office
  2. Drake S. A.Old Landmarks and Historic Personages of Boston — С. 6.
  3. United States. Bureau of the Census2010 U.S. Gazetteer Files (ингл.)Washington, D.C.:U.S. Census Bureau, 2010.
  4. Перепись населения США 2020 года / зери таҳририБюрои барӯйхатгирии аҳолии ИМА
  5. 5.05.15.25.35.45.55.65.75.8https://tools.usps.com/zip-code-lookup.htm

Адабиёт

[вироиш |вироиши манбаъ]


⚙️  Гузариш ба унсури Викидода
  Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ
Вебгоҳҳои мавзӯъӣ
Фарҳангҳо ва донишномаҳо
Дар феҳристҳои китобшинохтӣ
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/w/index.php?title=Бустун&oldid=1351851"
Гурӯҳҳо:
Гурӯҳҳои пинҳон:

[8]ページ先頭

©2009-2025 Movatter.jp