Movatterモバイル変換


[0]ホーム

URL:


Ҷаҳиш ба мӯҳтаво
Википедиадонишномаи озод
Ҷустуҷӯ

Боку

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Боку
озарбойҷонӣ:Bakı
ПарчамНишон
ПарчамНишон
Кишвар Озарбойҷон
РоҳбарEldar Azizov[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 2 140 км²[1]
Баландӣ
−28 м
Вақти минтақавӣUTC+4
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
РамзиISO 3166-2AZ-BA
Коди телефон12
Нишонаи почтаAZ1000
Коди мошинҳо10, 90 ва 99
Вебгоҳи расмӣ(озарб.)
Боку дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Боку
«Қалъаи духтарӣ»
МанзараиБаҳри Каспӣ

Боку́ (озарбойҷонӣ: Bakı, шояд азпорсӣ: بادو کوبی — баду кубе) —пойтахт ва шаҳри калонтариниОзарбойҷон. Боку, бандари калони Баҳри Каспий ва шаҳри бузургтарини Қафқоз аст. Дар соҳили ҷанубии нимҷазираи Обшорон (Апшерон) воқеъ аст. Аҳолиаш — 2 092 400 нафар (2011, бо атрофаш 2 600 100), асосан озариҳо (то соли 1990 сермиллат буд; зимни барӯйхатгирии соли 1989-ум 66 дарсади аҳолиаш озариҳо буданд).

Таърих

[вироиш |вироиши манбаъ]

Боку бори нахуст дар маъхазҳои асри 5 ва асарҳои ҷуғрофии асрҳои 9-10 («Ҳудуду-л-олам» ва дар осори Истахрӣ, Масъудӣ, Муқаддасӣ) зикр шудааст. Аз асри 11 бандари баҳрии асосии Шервон, дар охири асри 12 ва асри 15 маркази маъмурии давлати Шервоншоҳиён буд. Муаллифони асрҳои 12-15 (Ёқути Ҳамавӣ, Закариёи Қазвинӣ, Бакрон ва ғ.) кони нафт доштани Бокуро (дар асарҳои худ) қайд кардаанд. Соли 1540 Бокуро сипоҳиёни Сафавиён ва дар охири асри 16 Империяи Усмонӣ тасарруф намуданд. Соли 1604 қалъаи Бокуро лашкари шоҳ Аббоси 1 хароб кард. Солҳои 1723—1735 ва 1796—1797 зери тасарруфи сипоҳиёни рус қарор дошт. Соли 1747 маркази хонигарии Боку буд. Дар солҳои ҷанги байни русҳо ва форсҳо (1804—1813) ба Руссия ҳамроҳ карда шуд (1806). Дар нимаи дуввуми асри 19 Боку бо саноати истихроҷи нафт босуръат тараққӣ кард. Апрел-июли 1918 таҳти назорати болшевикон, августи 1918 дар тасарруфи лашкариёни англис қарор дошта, дертар Бокуро туркҳо ба даст дароварданд. Солҳои 1919-20 пойтахти Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон буд. Апрели 1920 ба Боку Артиши Сурх ворид гардид; солҳои 1920—1991 пойтахти ҶШС Озарбойҷон буд. Аз соли 1991 пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон.

Аҳолӣ

[вироиш |вироиши манбаъ]

Аҳолӣ 2 181 800 наф нафар (2014). Соли 2009 дар Боку чунин миллату халқҳо маскун будандозарбойҷониҳо (90,3 %),русҳо (5,3 %),украинҳо,курдҳо,лезгинҳо ва халқҳоиДоғистон,яҳудиён,гурҷиҳо,туркҳо[3].

Солозарбойҷониҳо%русҳо%арманиҳо%яҳудиҳо%лезгинҳо%тоторҳо%дигарон%Аҳолӣ
1886[4]37 53043,321 39024,724 84028,73910,5н.д.н.д.н.д.н.д.2 4602,886 611
1897[5]40 34136,037 39933,419 09917,13910,53100,3н.д.н.д.12 85011,5111 904
1926[6]118 73726,2159 49135,276 65616,922 0454,93 7080,89 2392,063 45714,0453 333
1939[7]235 76229,2343 55842,5118 70314,731 0563,812 3511,524 3063,042 9545,3808 690
1959[8]211 37232,9223 24234,7137 11121,326 6234,112 3041,910 7451,721 1103,3652 507
1970[9]586 05246,3351 09027,7207 46416,425 9372,023 6501,926 3792,144 9433,61 265 515
1979[10]854 38655,7337 95922,0215 80714,125 4051,728 9951,926 4381,744 2452,91 533 235
1989[11]1 184 16066,0295 50016,5179 95010,022 8261,338 1002,124 3311,450 0072,81 794 874
1999[12]1 574 25288,0119 3716,73780,0215 1640,326 1451,527 6521,535 8922,01 788 854
2009[13]1 848 10790,3108 5255,31040,0056 0560,324 8681,225 1711,232 9841,62 045 815

Иқтисод

[вироиш |вироиши манбаъ]

Боку маркази бузургтарини иқтисодии мамлакат буда, дорои се заводи пуриқтидори коркарди нафт аст. Бокуи муосир маркази саноати мошинасозӣ, киштисозӣ, электротехникӣ (з-дҳои мошинасозии электрикӣ, «Электросвет», истеҳсоли яхдон ва кондитсионер), нафту кимиё (заводи коркарди кислотаи сулфат, истеҳсоли шина ва йоди Сурахан), коркарди семент, саноати сабук (истеҳсоли матоъҳои пахтагин, шоҳӣ ва моҳути маҳин, комбинати дӯзандагӣ, фабрикаи пойафзор) ва саноати хӯрокворӣ мебошад.

Нақлиёт

[вироиш |вироиши манбаъ]

Тариқи гузаргоҳи киштиҳо (роҳи киштигард) бо шаҳрҳои Туркманбошӣ, Бекдашем (Туркманистон) ва Оқтеппа (Қазоқистон) мепайвандад. Маркази роҳи оҳан дар Ганҷа, Дарбанд, Имишлӣ, Саланӣ ва Ленкоран. Фурудгоҳи байналмилалӣ ва метрополитен дорад.

Ҷозибаҳои гардишгарӣ

[вироиш |вироиши манбаъ]

Маркази Боку ба ду қисм — куҳна ва нав (аврупоӣ) ҷудо мешавад. Дар шаҳри қадима Шаҳри дарун, Қалъаи шикаста (асри 11), Қалъаи Духтар (асри 12), маҷмааи Қалъаи Шервоншоҳиён (асри 11), манора ва масҷиди Синик-қалъа (1079), Девонхона, манораи Масҷиди ҷомеъ, мақбараи ситорашинос Саиди Бокувӣ, корвонсаройи Мултон (асри 14) боқист. Дар қисми аврупоии Боку биноҳои охири асри 19 ва аввали асри 20, аз ҷумла бинои Думаи шаҳрӣ (1900), театрҳои мусиқӣ-мазҳакавӣ, Академияи илмҳо, Филармония, хонаи А. Қулиев (1899), осорхонаи адабиёти Озарбойҷон ба номи Низомӣ ва дигар майдону хиёбонҳои Озарбойҷон, Нафтчиён, ба номи Рашид Бейбутов, Истиқлолият; майдонҳои марказии Азалдӣ, Ознефт, Фузулӣ, масҷидҳои Тоза-Пир (1914), масҷиди Имом Ҳусейн, Ҳоҷӣ Султонлӣ ҷой гирифтаанд.

Маориф ва фарҳанг

[вироиш |вироиши манбаъ]

Дар Боку донишгоҳ (1919), 8 мактаби олӣ, Академияи илмҳо (1945), 32 Осорхона (аз ҷумла осорхонаҳои таърихи Озарбойҷон, санъат, осорхонаи қолинбофӣ), 8 театр, Сирк, Боғи ботаникӣ ва Боғи ҳайвонот мавҷуд аст.

Нигористон

[вироиш |вироиши манбаъ]
Манзараи Боку
  • Бинои Baku White City
  • Шомгоҳи Баку İsmailiyyə palace
    Шомгоҳи Баку İsmailiyyə palace
  • Манзили Исо-бек Абдулсалам-бек оглы
    Манзили Исо-бек Абдулсалам-бек оглы
  • Биное дар кӯчаи Низоми
    Биное дар кӯчаи Низоми
  • Мусаввараи Боголюбова А. П. «Боку. Вақти пешин». 1861
    Мусаввараи Боголюбова А. П. «Боку. Вақти пешин».1861
  • Мусаввараи Боголюбова А. П. «Боку. Соҳил». 1861
    Мусаввараи Боголюбова А. П. «Боку. Соҳил».1861
  • Кӯҳандизи духтар
    Кӯҳандизи духтар
  • Манзараи соҳили Боку
    Манзараи соҳили Боку
  • Қалъаи Боку
    Қалъаи Боку
  • Дарвозаи Шемахин,шаҳри куҳна (Ичери шехер )
    Дарвозаи Шемахин,шаҳри куҳна (Ичери шехер )
  • Шаҳри куҳна
    Шаҳри куҳна
  • Қасри Шервон шоҳиён
    Қасри Шервон шоҳиён
  • кӯчаи Рафибейли Нигар Худадат кызы
    кӯчаи Рафибейли Нигар Худадат кызы
  • Хиёбони нафтчиён
    Хиёбони нафтчиён
  • Қасри Мухторов
    Қасри Мухторов
  • Гунбазҳо
    Гунбазҳо

Эзоҳ

[вироиш |вироиши манбаъ]
  1. 1.01.11.2http://www.baku.azstat.org/section/demography/
  2. 2.02.12.2http://www.baku.azstat.org/section/demography/001.xls
  3. Центр Миграционных Исследований(пайванди дастнорас —таърих). 17 марти 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 феврали 2009.
  4. Свод статистических данных о населении Закавказского края, извлечённых из посемейных списков 1886 года, г. Тифлис, 1893
  5. Первая всеобщая перепись населения Российской Империи 1897 г. — г. Баку.
  6. Всесоюзная перепись населения 1926 года. Национальный состав населения по регионам республик СССР
  7. (Russian)Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР
  8. (Russian)Всесоюзная перепись населения 1959 года. Городское и сельское население областей республик СССР (кроме РСФСР) по полу и национальности
  9. (Russian)Всесоюзная перепись населения 1970 года. Городское и сельское население областей республик СССР (кроме РСФСР) по полу и национальности
  10. (Russian)Всесоюзная перепись населения 1979 года. Городское и сельское население областей республик СССР (кроме РСФСР) по полу и национальности
  11. (Russian)Всесоюзная перепись населения 1989 года. Распределение городского и сельского населения областей республик СССР по полу и национальности
  12. (English)Ethnic composition of Azerbaijan 1999
  13. (English)Ethnic composition of Azerbaijan 2009

Адабиёт

[вироиш |вироиши манбаъ]


⚙️  Гузариш ба унсури Викидода
  Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ
Фарҳангҳо ва донишномаҳо
Дар феҳристҳои китобшинохтӣ
⚙️ 
Осиёи Шимолӣ ва МарказӣОсиёи ҶанубӣОсиёи Ҷанубу ШарқӣОсиёи Ғарби ва Ҷанубу Ғарбӣ
*Кишварҳои фароқораӣ.
Ниг.Вазъи сиёсии Уршалим. Ҳарду кишвар, Исроил ва Фаластин, Уршалимро ҳамчун пойтахти худ қарор додаанд. ДарУршалим порлумони Исроил ва тақрибан ҳама вазорату ҳукумати Исроил ҷой доранд. ДарТел-Авив қисми бештари сафоратҳои хориҷӣ дар Исроил қарор доранд;Ромуллоҳ дафтари маъмурии Худмухтории Фаластин мебошад.
+ Бо таваҷҷуҳ баКонститутсияи Ҷумҳурии Чин дар соли 1947,Нанкин пойтахти расмии Ҷумҳурии Чин ваТайбэй —қароргоҳи ҳукумат мебошад. Ниг. низСиёсати хориҷии Ҷумҳурии Чин.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/w/index.php?title=Боку&oldid=1439679"
Гурӯҳҳо:
Гурӯҳҳои пинҳон:

[8]ページ先頭

©2009-2025 Movatter.jp