Бағдóд (ар.بغداد) —пойтахт ва калонтарин шаҳриИроқ, маркази маъмуриимуҳофазаи Бағдод. Бо аҳолии беш аз 9 млн нафар (2015)[3], яке аз шаҳрҳои бузургтариниШарқи Наздик ба ҳисоб меравад.
Аҳолиаш 9 млн нафар (2015) зиёда аз 75 дарсад арабҳо, инчунин курдҳо, туркҳо, арманиҳо, яҳудиҳо ва дигар миллатҳо зиндагӣ мекунанд.
Соли 762 дар замони халифа ал-Мансур (754–775) сохта шуд ва ба ҷойи шаҳри Куфа пойтахтихилофати Аббосиён гардид. Аввал Мадинат-ус-Салом (Шаҳри Сулҳ) ном дошт. Ҳанӯз дар садаи IX бо Ҳиндустон, мамолики Араб ва Аврупо ва садаи X бо давлати Рус робитаи тиҷоратӣ дошт. Замони шукуфоии Бағдод ба давраи ҳукмронии халифа Ҳорунаррашид (асри 9) рост меояд, қасрҳо, мадрасаҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ сохта шуданд. Тӯли чандин садсола маркази бузурги илмию фарҳангии Шарқи Наздик ба шумор мерафт. Ишғоли Б. ба дасти оли Буя (945) ва Салҷуқиён (1055) сурат гирифта, яке аз шаҳрҳои ин хонадонҳо шуд. Соли 1258 аз ҷониби лашкари хони муғул Ҳулоку ишғол ва хароб карда шуд, солҳои 1393 ва 1401 лашкариёни Темур шаҳрро ғорат карданд. Асрҳои 16–17 зери итоати салҷуқиёну форсҳо қарор дошт, аз соли 1638 ба ҳайати Империяи Усмонӣ ворид гардид. Соли 1917 Б.-ро нерӯҳои низомии англис ишғол намуданд. Аз соли 1921 пойтахти шоҳигарии Ироқ ва аз 14 июли соли 1958 пойтахти Ҷумҳурии Ироқ мебошад. Солҳои 1997–98 аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии Амрико ва Британияи Кабир бомбаборон карда шуд. Апрели 2003 шаҳр зери тасарруфи нерӯҳои амрикоӣ-британӣ қарор гирифт. Дар Бағдод бисёр корхонаҳои саноатӣ (бофандагӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ), инчунин муассисаҳои илмию фарҳангӣ ҷойгиранд, ки қисми зиёдашон ҳангоми бомбаборони соли 2003 хароб гардиданд.
Роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ва ҳавоӣ дорад. Даҷла шаҳрро ба соҳили рост (Карх) ва чап (Русофа) ҷудо менамояд. Дар Бағдод АИ Ироқ, се донишгоҳ, маҷмааи осорхонаи «Кохи Аббосиён», осорхонаи мардумшиносӣ, дахмаҳои Мусо ал-қадим, Зубайда ва дигар иншоот ҷойгиранд. Масҷиди Имоми Аъзам он ҷост.
- Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005.
|
|---|
|
| Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ | Осиёи Ҷанубӣ | Осиёи Ҷанубу Шарқӣ | Осиёи Ғарби ва Ҷанубу Ғарбӣ | | | - Бандар-Сери-Бегаван,Бруней
- Бангкок,Таиланд
- Вйентян,Лаос
- Ҷакарта,Индонезия*
- Дили,Тимори Шарқӣ
- Куала-Лумпур,Малайзия
- Манила,Филиппин
- Нейпйидо,Миёнмор
- Пномпен,Камбоҷа
- Сингапур
- Уэст-Айленд,Ҷазираҳои Кокос (Австралия)
- Флайинг-Фиш-Коув,Ҷазираи Кирисмас (Австралия)
- Ханой,Вйетнам
| - Абузабӣ,Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
- Аммон,Урдун
- Анқара,Туркия*
- Бағдод,Ироқ
- Байрут,Лубнон
- Боку,Озарбойҷон
- Димишқ,Сурия
- Дуҳа,Қатар
- Ереван,Арманистон
- Уршалим,Исроил(де-факто)†
- Қоҳира,Миср*
- Манома,Баҳрайн
- Масқат,Умон
| - Никосия,Кипр
- Ромуллоҳ,Фаластин(де-факто)†
- Санъо,Яман*
- Никосия Шимолӣ,Кипри Шимолӣ
- Хонкандӣ,Қарабоғи Кӯҳистонӣ
- Сухумӣ,Абхозистон
- Тифлис,Гурҷистон
- Теҳрон,Эрон
- Схинвалӣ,Осетияи Ҷанубӣ
- Кувайт (шаҳр),Кувайт
- Эпископи,Акротири ва Декелия (Бритониё)
- Риёз,Арабистони Саудӣ
|
|
|
| |
|---|
Дар феҳристҳои китобшинохтӣ |
|---|
|
|