Movatterモバイル変換


[0]ホーム

URL:


Jump to content
Википедиадонишномаи озод
Ҷустуҷӯ

Аффриката

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ин мақолаятим аст; Яъне ҳеч саҳифае ба инмақола пайванд надорад.
Лутфан бо баррасии дигар мавзӯъоти муртабит, онҳоро ба ин саҳифа пайванд диҳед.


Аффрикáта (фаронс. аffricata – молишёфта) — ҳамсадои мураккаб, ки аз ду ҷузъ (ибтидои зич ва интиҳои роғ)-и дар як махраҷ ҳосилшуда таркиб ёфтааст. Масалан, дар забони мақдунӣ «ѕ» (аз д ва з), дар забони русӣ «ц» (аз т ва с), дар забони тоҷикӣ «ҷ» (аз д ва ж) ва «ч» (аз т ва ш) аффриката мебошад, ки аз ду ҷузъ иборат буда, дар як махраҷ (дар қисми пеши забон дар натиҷаи ба бехи дандонҳои боло расидани нӯги забон) ба амал омадаанд. Аффрикатаҳо аз таркиби овозҳои дигар (масалан, кш, пж ва ғайра) бо он фарқ мекунанд, ки:

  • алоқаи ҷузъҳои онҳо ниҳоят зич аст ва ҳамчун як овоз дарк мешаванд;
  • ҷузъи дуюм (роғ)-и онҳо кори иловагии узвҳои нутқро талаб намекунад.

Барои ҳосил шудани аффриката фақат давомнокии вазъияти узвҳои нутқ зарур аст.[1]

Эзоҳ

[вироиш |вироиши манбаъ]
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.130 / Т. Хаскашев.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/w/index.php?title=Аффриката&oldid=1345600"
Гурӯҳҳо:
Гурӯҳи пинҳон:

[8]ページ先頭

©2009-2025 Movatter.jp