Низомиёнигурӯҳи 56-умгунди ҳавобурдиартиши 40-ум дар Афғонистон. Шаҳри Гардез, соли 1987.Афсáр (форсӣ:افسر >англ. officer >лот.officiarius — «кордор,масъул» азлот.officium —кор,масъулият) — касе, ки дарнерӯҳои мусаллаҳ,милиса,пулис ва дигар сохторҳои низомӣдараҷаи сардорӣ ва симати фармондеҳӣ дошта бошад.
«Афсар» вожае форсӣ (форсӣ:افسر >порсии миёна:afsar >порсии бостон:* api-sara- >* api- +* sara- «сар», яъне «ончи бар сар гузоранд») ва маънии аслияш «тоҷ,кулоҳи подшоҳон» аст[1]. Вале «афсар» аз қадим ба маънои «сардор;раҳбар» низ ба кор мерафтааст, чуноне ки дар «Таърихи Табарӣ» омадааст: «Бидон ки падари ту афсари қавм буд»[2].БузургворФирдавсӣафсарро дар «Шоҳнома» ба маънои «фармондеҳ,солор,сарвар» борҳо ба кор бурдааст:
Ба Гуштосп гуфт: «Эй набарда савор,
Сари саркашон, афсари корзор,
Чӣ номат, ба ман гӯй шаҳру нажод?»
В-аро з-ин сухан ҳеч посух надод[3].
Ҳамин маънои маҷозии «афсар» ва ҳамовоии он бофр. «officier» ваангл. «officer» далел шуда, ки он дар нерӯҳои мусаллаҳ ба маънии «сардор» ба кор гирифта шавад.
Афсар дороидараҷаи низомӣ ё интизомӣ аст. Аввалҳо ашхосеро, ки соҳиби баъзе мансабҳои давлатӣ буданд,афсар меномиданд. Бо пайдо шудани артиши кирояи доимӣ ва нерӯи дарёӣ (асри 16) дарФаронса ва дигар кишварҳоиАврупо фармондеҳонилашкарафсар ном гирифтанд. Дар артиши Русия мансабҳои афсарӣ нахустин бор дар садаи XVI ҷорӣ шуданд. Дар Русия аз оғози садаи XVIII афсарҳо ба солорон ё генералҳо,афсарони ситод (русӣ:штаб-офицеры азолмонӣ:Stabsoffizier) (азмайор тополковник) ваабар–афсар (русӣ:обер-офицеры азолмонӣ:Oberoffizier) азкапитан поён) тақсим мешуданд. БаъдиИнқилоби Октябр тамоми дараҷаҳои афсарӣ барҳам дода шуд. Соли 1943 дар паи раво шудани сардӯшиҳо дарАртиши Сурх ва Нерӯи дарёӣсаркардагон,сардорон васолорон «афсар» ном гирифтанд.
ДарҚувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила рутбаҳои афсарӣ мавҷуданд[4]:
- Афсарҳои олӣ ёСолорон (солор (форсӣ:سالار» >порсии миёна:sālār >порсии бостон:* sar(a)-dāra- >паҳлавӣ:sarδār, балхӣ:σαλαρο,σαρλαρο) гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар,пешво,фармондеҳ;генерал» барои номгузории дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[2]. Чунончи, дар сипоҳи Ашкониён ва Сосониёнрота ба забони паҳлавӣ «васт» (порсии миёна: «вашт»),полк — «дирафш»,дивизия — «гунд» ва сардорону фармондеҳонашон «васт-солор» ё «вашт-солор», «дирафш-солор» ва «гунд-солор» номида мешудаанд[5]. Дар замониСомониён,Ғазнавиён ваСалҷуқиён низ «солор» дар истилоҳи низомӣ сардору фармондеҳисипоҳро мегуфтанд[6]):
- Афсарҳои калон ёСардорон (сардор (форсӣ:سردار «солор,раҳбар,пешво,фармондеҳ» <порсии миёна:sardār <порсии бостон:* sar(a)-dāra- >паҳлавӣ:sarδār; балхӣ:σαρλαρο,σαλαρο) аз дер замоне то кунун ба маънои «фармондеҳу раҳбари як нерӯи низомӣ» ба кор меравад[7]):
- Афсарҳои хурд ёСаркардагон (саркарда (форсӣ:سرکرده) худ яке аз истилоҳоти куҳани низомӣ аст ва дар адабиёту фарҳангҳо ба маънои «сардор;сардори лашкар» аз дер боз ба кор меравад[7]):

- ↑Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393.ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 244.
- ↑2.02.1Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1.
- ↑Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 6. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 88
- ↑Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.125
- ↑Kaveh Farrokh,Gholamreza Karamian,Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
- ↑Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. —ISBN 964-00-1086-3.
- ↑7.07.1Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2.