Movatterモバイル変換


[0]ホーム

URL:


Ҷаҳиш ба мӯҳтаво
Википедиадонишномаи озод
Ҷустуҷӯ

Афинаи Қадим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Акрополиси Кариатида

Афинаи қадим — шаҳри асосииАттика дар 5 километрии соҳили баҳр. Дар ин мавзеъ одамон ҳанӯз аз давраинеолит зиндагӣ доштанд. Дар ҳазораи 2 то мелод дарАкропол – сахраи дар маркази шаҳр ҷойгирифта нахустин қалъаҳои қабоилипеласгҳо сохта шуда буданд. Ҳамчунин баъдтар дар садаи VI то мелод дар ин ҷо маъбади илоҳаАфина эъмор шуд. Дар даврониҷангҳои Юнону Форс (480 ва 479 то мелод)форсҳо ду маротиба Афинаро вайрон карданд. Пас аз ронда шудани форсҳо азЮнон бо ибтикориФемистокл (сипаҳсолори машҳури юнонӣ) гирдогирди шаҳр девори муҳофизатӣ сохта шуд. Асосан сохтмони минбаъдаи шаҳр дар давраиПерикл (нимаи дуюми садаи V то мелод) авҷ гирифт. Таҳти роҳбарии меъмори бузургФидий дар Акропол ансамбли классикии афинӣ бунёд ёфт. Дар нимаи дуюми садаи IV то мелод бо ташаббуси Ликург дар Афина варзишгоҳ, театр (аз санг) ва ҷойи баргузории маҷлиси ом сохта шуданд. Соли 86 то мелод сипаҳсолори румӣСулла Афинаро забт ва ғорат кард.
Аксари иншооти маъруфи минбаъдаи шаҳр бо фармони императорАдриан сохта шуданд; аз ҷумла таҷдиди маъбадиЗевси Олимпӣ ба ин давра мансуб аст. Соли 262 мелодӣ аз тохтутози қабилаҳои барбарии готҳо ва герулҳо хеле хароб гардид. Баъди бо фармониЮстинини 1 баста шудани мактаби фалсафӣ (529) ва таҳкими масеҳият инқирози тадриҷии Афина оғоз гардида, ба як шаҳри музофотии империяиРуми Шимолӣ табдил ёфт. Нигаред низЮнони Қадим

Адабиёт

[вироиш |вироиши манбаъ]
/Б. Раҳматов.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/w/index.php?title=Афинаи_Қадим&oldid=1303266"
Гурӯҳҳо:
Гурӯҳҳои пинҳон:

[8]ページ先頭

©2009-2026 Movatter.jp