| Ин мақолаятим аст; Яъне ҳеч саҳифае ба инмақола пайванд надорад.- Лутфан бо баррасии дигар мавзӯъоти муртабит, онҳоро ба ин саҳифа пайванд диҳед.
|
Атропин (аз лот. atropa – заҳр), алколоидест, ки дар таркиби рустаниҳои оилаиангури сагак (шоҳдона,шобезак,банги девона ва ғайра) дучор меояд. Дар тиб маҳлули обии намаки сулфати Атропинро барои рафъи ташаннуҷи мушакҳои суфта ҳангоми бемории захми меъда, рӯда, роҳҳои талха, зиқи нафас ва ғайра, инчунин васеъ намудани гавҳарак дар вақти муойинаи рефраксияичашм ва чун позаҳр дар мавриди заҳролудӣ азморфин,атсетиллелин,карбохолин ва ғайра истифода мебаранд. Аломатҳои заҳролудӣ аз Атропин: сахт ба ҳаяҷон омадан, васеъ шудани гавҳараки чашм, тез шудани набз ва ғайра Дар ин гуна ҳолатҳо ба бемор ёрии фаврӣ расонда, меъдаро бо об ё обу ангишти фаъол (ҷозиб) шустан мебояд.[1]
- Машковский М. Д. Лекарственные средства. Москва, 2006.