Movatterモバイル変換


[0]ホーム

URL:


Ҷаҳиш ба мӯҳтаво
Википедиадонишномаи озод
Ҷустуҷӯ

Автономия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Автономия (аз юнонӣ autonomia – худидоракунӣ, мустақилият) — худидоракунии воҳиди сиёсию миллӣ дар доираи давлати ягона, ки он дарКонститутсия таҷассум ёфтааст.

Автономия шакли худидоракунии қисми ҳудудидавлати унитарӣ ёфедеративӣ мебошад ва ҳамчун мухторияти ҳудудӣ шинохта мешавад. Он дар ҳудудҳои маскуншудаи халқҳое, ки дорои хусусиятҳои махсуси умумияти забонӣ, маишӣ ва ҳаёти иқтисодӣ мебошанд, ба амал бароварда мешавад. Воҳидҳои маъмурию миллӣ дар ҳайатидавлати федеративӣ ҳамчун автономияи субъекти федератсия амал менамоянд. Воҳиди ҳудудии автономӣ дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта, ки ҳокимияти марказӣ ба он вогузор намудааст, мустақил аст. Мақомоти интихобии воҳиди маъмурии автономӣ манфиатҳои хоси аҳолии онро таҷассум менамояд.

Дар Федератсияи Русия

[вироиш |вироиши манбаъ]

Чунин ҳолат дар конститутсияҳои ҳам давлатҳои феде­ративӣ ва ҳам давлатҳои унитарӣ ба таври махсус қайд карда мешавад. Масалан, дарКонститутсияи Федератсияи Русия моддаи 72 ваколатҳои якҷояиФедератсияи Русия ва субъектҳои онро ифода намудааст. Мувофиқи моддаи 73 ҳуқуқи автономии ҳамаи 89 субъектифедератсия эътироф карда мешавад. Вобаста ба сохтори давлатӣ ва раванди идораи сиёсӣ худидоракунӣ ва ё мухториятивоҳидҳои маъмурию сиёсӣ дар сатҳи мухталиф ба амал меояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

[вироиш |вироиши манбаъ]

Дар шароити Тоҷикистон чунин ҳолатроВилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон касб намудааст. Боби 7-уми Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми мухториятро дар ҳудудҳо ва салоҳиятҳои воҳиди сиёсию маъмурии мазкур муайян намудааст. Ҳамин тариқ, автономия аз як тараф шакли худидоракунии умумиятҳои миллӣ-этникӣ ва аз ҷониби дигар сатҳи муайяни ғайримарказонидани идораи ҳудудҳои муайян мебошад. Моҳиятро танзими муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва мувофиқгардонии манфиатҳои миллии умумиятҳои гуногун ташкил менамояд.

Адабиёт

[вироиш |вироиши манбаъ]
  • Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д., 2003;
  • Зокиров Г. Н., Истиқлоли сиёсӣ, Д., 2001;
  • Миртов Д., Нравственная автономия по Канту и Ницще, С. – Пб., 1905.

Нигаред

[вироиш |вироиши манбаъ]

Эзоҳ

[вироиш |вироиши манбаъ]

Сарчашма

[вироиш |вироиши манбаъ]


Мақолаи хурдИнмақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед.
Дар сурати имкон ин ёддошт бояддақиқтар ҷойгузин шавад.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/w/index.php?title=Автономия&oldid=1292014"
Гурӯҳ:
Гурӯҳҳои пинҳон:

[8]ページ先頭

©2009-2025 Movatter.jp